Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сил моро ба коми худ фурӯ мекашад ё ДОТС онро?


Саъдулло Сайдалиев- раиси маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди cил мегӯяд, «Барномаи аввали давлатӣ дар ин маврид хунсо гардид, зеро мушкили молӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, ки кишварро фарогир буд, аз амалӣ шудани кӯшиши нахустини раҳоӣ аз варта ҷилавгир шудаанд»

«Барномаи миллии мубориза бар зидди сил», маъруфтар ба ДОТС ҳамакнун 27 ноҳия ва беш аз 9.500 маризро фаро гирифтааст. Ҷаноби Сайидалиев мегӯяд, тибқи ин барнома ба тамомии маризон ва наздикони онҳо, ки хатари сироят ба онҳо таҳдид дорад, дорувор ройгон дода мешавад ва маризон тӯли ним сол бояд мавриди табобат қарор бигиранд. Тибқи иттилоъи расмӣ барномаи ДОТС нишонрас аст ва то 89 дарсад маризон танҳо дар як шаҳри Душанбе бо ҳамин усул шифои комил ёфтаанд.

Барномаи мубориза алайҳи сил, ки ҳамакнун ба он 180 кишвар дар олам пайвастааст, ду марҳила дорад: «Дотс» ва «Дотс+» . Саъдулло Сайидалиев мегӯяд, дар марҳалаи аввал шифои комил 20 доллар қиммат дорад ва аммо дар даври дуввум ин нарх то садҳо баробар меафзояд. Дар ҳамин маврид, созмонҳои байнулмилали тиббӣ ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди рафъи сил кӯмак кардаанд. Мутахассисин мегӯянд, хатари фарогиршавии сил ба ҳама давлатҳои олам таҳдид дорад. Зеро барангезандаи сил, миллионҳо сол қабл аз Одам арзи ҳастӣ дорад ва ба ҳар гуна доруву дармон зуд мутобиқ мешавад.

Раиси маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди сил мегӯяд, ба гунаи мисол, дар Тоҷикистон беш аз 90 дарсади аҳолӣ дар таркиби худ барангезандаи сил доранд. Ин микроб дар вуҷуди одам то даҳсолаҳо пинҳон мегардад, худро бо оҳак, ки худ истихроҷ мекунад, аз дорувор ҳифз мекунад ва нурҳои ултровӣ мепошад ва дар сурати набуди ғизо ва заъфи сиҳҳат хурӯҷ мекунад.

«Барангезандаи сил хавфноктарин, зирактарин микроб аст, ки ба ҳар гуна дору зуд мутобиқ мегардад. Ин микроб боақл аст. Дар сурати будани хатари нестшавӣ худро бо оҳак пинҳон мекунад ва дар ин хонаи амн то чанд муддат мехобад ва ба атроф нурҳои ултровӣ пахш мекунад. Ин нурҳо ба микроб хабар меоранд, ки дар берун душман-дорувор ҳаст ё не. Дар сурати набуди душман микроби сил боз берун мешавад ва одамро ба маризӣ гирифтор мекунад»

Шароити пасти зист, адами хӯроки серғизо, хонаҳои сард, меҳнати сангин ва таъсири равонӣ мусоидтарин шароит барои фарогиршавии ин мараз будаанд. Ҳамакнун дар кишвар тӯли ним сол 2.547 мариз ба қайд гирифта шудаанд, ки 1.147 тани онҳо зан будаанд. Тибқи омори расмӣ дар соли 1996 ба сари ҳар 100.000 аҳолӣ беш аз 32 бемор рост меомад. Дар соли 2002 ин рақам то 64 нафар афзудааст. Аммо мутахасисон мегӯянд, бештар ба қайд гирифтани марази сил фоли нек аст, ки ҳамакнун мардум дарди худро пинҳон намекунанд ва медонанд, ки дорувори ДОТС ройгон дастраси маризон шудааст, ба беморхонаҳо муроҷиат мекунанд ва шифо меёбанд.

Ва аммо дар мавриде ки барномаи ДОТС сокинони ноҳияву шаҳрҳоро фаро мегирад, ҳастанд, мавзеъҳое, ки аслан аз мадди назари Барномаи миллии мубориза бар зидди сил канор мондаанд- ин зиндонҳои кишвар ва қисмҳои ҳарбианд, ки мутахассисони соҳаи сил бевосита ба онҳо роҳ бурда наметавонанд.
XS
SM
MD
LG