Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳоти баҳсбарангези соҳаи кишоварзии Тоҷикистон


Кишоварзӣ яке аз муҳимтарин соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон аст. Дар ин бахш беш аз 60 % машғулон кор мекунанд ва қариб 40% маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар ба даст меояд. Бинобар он ки тайи солҳои 90 ҳаҷми тавлидоти кишоварзӣ - 26% ва маҳсулоти молдорӣ - 75% коҳиш ёфта буд ва камбуди маҳсулоти кишоварзӣ боиси боло рафтани қимматҳо гардида аст, дар Барномаи рушди иқтисодии Тоҷикистон ба зарурати рушди босуръати ин соҳа таъкид шудааст. Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2015 тавлидоти кишоварзӣ беш аз ду баробар афзоиш хоҳад ёфт ва Тоҷикистон аз лиҳози тавлиди гандум, меваҷоту сабзиҷот, дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба пояи худкифоӣ хоҳад расид. Ҳамзамон афзоиши тавлиди пахта ва консарвҳои гуногун ва содироти онҳо дар назар гирифта шудааст.

Бино бар он ки дар кишвар имконоти васеъ кардани заминҳои кишт маҳдуд аст, барои расидан ба ин ҳадафҳо роҳи рушди интенсивӣ, яъне боло бурдани самарабахшии кор пешбинӣ шуда аст. Ҳамчунон тасмим гирифта шудааст, ки сохтори воҳидҳои кишоварзӣ дигаргун карда шавад, яъне ба ҷойи колхозу совхозҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ, ё фермерӣ ташкил гарданд. Қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар соли 2002 ба тасвиб расидааст. Ва қарор аст, ки то ахири соли оянда ҳамаи колхозу совхозҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил шаванд.

Дар қонун ҳадафи ислоҳот зикр нашудааст. Вале дар «Тавсияҳо оид ба таҷдиди колхозу совхозҳо» овардаанд, ки «сохтори мавҷудаи корхонаҳои давлатию кооперативҳои кишоварзӣ ба талаботи муносибатҳои бозорӣ созгор нест. Бинобар ин яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти аграрӣ - бунёди сохторҳое мебошанд, ки ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ ҷавобгў бошанд.»

Аввал ин ки таҷдиди сохтори корхонаҳои кишоварзӣ ҳадаф нест, балки яке аз василаҳои расидан ба ҳадаф аст. Ҳадафи асосӣ - бояд боло бурдани самарабахшии кор ва зиёд кардани ҳаҷми тавлидоти кишоварзӣ бошад.
Дигар ин ки, тақсим кардани колхозҳо ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ на ҳамеша натоиҷи беҳтарро тазмин мекунад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ низ мумкин аст, камсамар бошанд. Хусусан дар ҷое, ки онҳо аз колхозҳои замони шўравӣ фарқи чандоне надошта бошанд. Самарабахшии кор дар колхозҳо пойин буд, барои он ки қонун дар бори колхозҳо риоят намешуд. Қонунан, колхозҳо корхонаҳои ғайридавлатӣ ба шумор мерафтанд, вале амалан аз корхонаҳои давлатӣ тафовуте надоштанд. Нақшаҳои кор ва фаъолияти тавлидии онҳоро ҳукумат таъйину танзим мекард.

Агар имрўз қонун дар бораи колхозҳо амалан риоя шавад ва ба кишоварзон озодию мустақилияти бештар дода шавад, колхозҳо низ метавонанд, ба шароити бозор комилан созгор бошанд. Дар ин сурат, ҳеҷ зарурате барои тақсиму хурд кардани онҳо намемонад. Албатта, дар оянда дар иртиботи рушди тавлидоти кишоварзӣ, мумкин аст, сохтори корхонаҳои кишоварзӣ низ тағйир кунад. Ба эҳтимоли қавӣ, бар асари боло рафтани самарабахшии кор дар кишоварзӣ ва рушди дигар соҳаҳои иқтисоди кишвар, бисёре аз кишоварзон барои кор ба муассисоти санъатию хадамотӣ хоҳанд рафт ва шумори кишоварзон камтар хоҳад шуд. Дар натиҷа коперативҳои кишоварзӣ оҳиста-оҳиста ба хоҷагиҳои фермерӣ табдил меёбанд. Вале ин кор на бо фармони ҳукумат, балки худ ба худ сурат мегирад ва боиси пойин омадани сатҳи тавлидоти кишоварзӣ намегардад.

Аммо дар шароити феълӣ порча-порча кардани колхозҳо ва ба вуҷуд овардани воҳидҳои хурди кишоварзӣ паёомадҳои манфӣ низ дорад. Нахуст ин, ки воҳидҳои хурди тавлидӣ бартариҳои корхонаҳои бузургтарро надоранд. Хусусан, аз омили муҳиме, ки «сарфаҷўӣ аз миқёс» ном дорад, маҳруманд. Ин боиси нисбатан боло рафтани масорифи тавлиди ҳар воҳиди маҳсулот ва пойин омадани тавони рақобат дар бозорҳо мегардад. Дигар ин ки, дар шароити кунунии Тоҷикистон дастрасӣ ба абзору васоити техникӣ, доруҳои минералӣ, маводи кимиёвӣ, қарза ва дигар авомили мавриди ниёз барои хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ мушкил аст ва бозорёбӣ низ кори соддае нест.

Ҳоло ин вазоифро чанд ширкати бузург, ки бо номи сармоягузорон ёд мешаванд, ба инҳисори худ даровардаанд. Онҳо қариб тамоми кишоварзонро вобастаи худ сохта, онҳоро аз мустақилияту соҳибихтиёрие, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, маҳрум намудаанд. Ба гуфтаи кишоварзон, сармоягузорон мавод ва васоили мавриди заруратро ба кишоварзон бо қимматҳои баланд мефурўшанд. Ва ин боиси қарздор шудани кишоварзон шуда аст. Агарчӣ кишоварзон қариб бемузд кор мекунанд, қарзашон сол ба сол меафзояд ва ҳоло ба 200 миллион доллар расидааст.

Шояд қонунгузорон хостаанд, ки дар кишвар, ба мисли кишварҳои пешрафта, фермаҳои пурмаҳсули кишоварзӣ эҷод шаванд? Дар воқеъ ҳам, дар кишварҳои пешрафта фақат 2-3 % нерўи кор дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд. Аммо онҳо тамоми аҳолии кишварашонро бо маводи хўрока ва саноатро бо ашёи хом таъмин менамоянд. Гузашта аз ин, бахши зиёди маҳсулоти худро ба хориҷ содир мекунанд.

Барои мисол, фермерҳои Амрико ки камтар аз 3% нерўи кори кишварро ташкил медиҳанд, эҳтиёҷоти қариб 300 миллион мардуми Амрикоро таъмин мекунанд ва илова бар он ҳамасола ба маблағи беш аз 200 милиард доллар маҳсулоти кишоварзиро ба кишварҳои дигар ба фурўш мерасонанд. Албатта, ин ибратбахш аст. Вале шароити онҳо дигар аст. Ҳар як фермери амрикоӣ ба ҳисоби миёна қариб 200 ҳектар замин ва тамоми анвои мошину абзори кор ва маводи заруриро дар ихтиёр дорад. Гузашта аз ин, ҳукумат низ онҳоро пайваста дастгирию пуштибонӣ мекунад.

Муҳимтар аз ҳама, онҳо озоду соҳибихтиёранд ва ҳеҷ касе ба кори онҳо мудохила ва ё фармонфарамоӣ намекунад. Онҳо танҳо қонунро риоят мекунанд ва давлат ҳаққу ҳуқуқи онҳоро ҳимоят мекунад. Ин аст сирри муваффақияти кишоварзони кишварҳои пешрафта.

Аммо кишовазони мо мисли замони шўравӣ ҳоло ҳам озоду соҳибихтиёр нестанд. Хоҷагиҳои деҳқонии имрўза моҳиятан аз колхозҳою совхозҳои замони шўравӣ тафовути чандоне надоранд ва ба мисли гузаштаҳо зери фармон кор мекунанд. Ҳанўз ҳам нақшаи кори онҳоро ҳукумат тарҳрезӣ мекунад. Чӣ коштану чӣ қадар маҳсулот тавлид карданро низ ҳукумат таъйин мекунад, на қонуни бозор. Ин аст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ, агарчӣ аз рўи қонун корхонаҳои ғайридавлатӣ мебошанд, вале амалан аз соҳибихтиёрӣ маҳруманд. Онҳо ҳанўз ҳам аз воситаҳои истеҳсолоту мустақилияти иқтисодӣ бархурдор нестанд.

Бозорёбию нархгузорӣ низ дар ихтиёри онҳо нест. Бадин сабаб, бо вуҷуди гузаронидани ислоҳот ва ташкил кардани беш аз 21 ҳазор хоҷагиҳои фермерї дар кишвар, дар аксари маворид, мушкилоти ин соҳа камтар ва вазъи кишоварзон беҳтар нашудааст.

Барои он ки соҳаи кишоварзӣ бо суръат пешрафт кунад, лозим аст, ки корхонаҳои кишоварзӣ ва кишоварзон на танҳо аз рўи қонун, балки дар амал ҳам аз озодию соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти иқтисодӣ бархурдор бошанд. Ҳамчунон мебояд, ки онҳо ба бозори озоди васоили техникӣ ва маводи мавриди ниёзи кишоварзӣ дастрасӣ дошта бошанд ва битавонанд, ки маҳсулоти худро бо нархҳои муносиб озодона ба фурўш расонанд. То замоне, ки онҳо тобеъу вобастаи сармоягузорон ва ё ҳукуматдорон бошанд, пешрафт муяссар намешавад.
XS
SM
MD
LG