Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи Ҳафта: Ҳуринисои Ғаффорзода


Ба гуфтаи хонум Ғаффорзода, фаъолият кардан дар ҳизбе, ки ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам аз лиҳози маънавӣ танқисӣ дорад, як кори беҳуда ва бемаъно аст: "Аъзои Шӯрои сиёсии мо бо сухани хушку холӣ, бо дасти холӣ, ки на таҳкурсии молӣ доранд, на таҳкурсии маънавӣ доранд, на таҳкурсии фарҳангиву забонӣ доранд, чӣ гуна метавонанд ҳизбро пеш баранд? Чӣ гуна метавонанд фардо пешвои миллат бошанд? Дар ҳар сурат, ман бонуе ҳастам, ки ман худам як ҳизбам, саропо ман худам ҳизб ҳастам!"

Ба назар чунин мерасад, ки норизоии Ҳуринисо Ғаффорзода ҳанӯз соле қабл, дар анҷумани Ҳизби сотсиал-демократ, замоне ки ин ҳизб рӯйхати номзадҳои худро ба вакилии парлумони кишвар омода мекард ва дар ин феҳраст хонум Ғаффорзода дар мақоми ҳафтум қарор гирифт, ба миён омада буд. Хонум Ғаффорзода дар ин анҷуман гуфта буд, ки барои обрӯ ва нуфузи Ҳизби сотсиал-демократ хизматҳои шоёне анҷом додааст ва бояд исми вай дар сархати ин феҳраст ҷой дода шавад. «Ман ба Ҳизби сотсиал-демократ ниёз надорам, балки ин ҳизб ба ман мӯҳтоҷ аст!», - изҳор дошт хонум Ғаффорзода ба нишони эътироз.

Ҳуринисо Ғаффорзода дар ҳоле сафҳои ин ҳизбро тарк мекунад, ки ахиран Оризшо Пояндашоев, яке аз симоҳои намоён ва раиси созмони Ҳизби сотсиал-демократ дар шаҳри Душанбе ва чанде аз масъулони ин ҳизб дар минтақаҳои дигари кишвар аз вазифаҳояшон даст кашиданд. Аммо рафтани хонум Ғаффорзода аз ҳизб дар қиёс бо рафтани оқои Пояндашоев ва фаъолони дигари Ҳизби сотсиал-демократ вокуниши бештаре ба бор овард. Хонум Ғаффорзода барои нахустин бор ошкоро гуфт, ки дар дохили ин ҳизб мухолифатҳо зиёданд ва ҳатто раиси ҳизб - Раҳматулло Зоировро дар он гунаҳкор донист, ки ӯ натавонистааст пешвои асили як ҳизби умумимиллӣ бошад, зеро оқои Зоиров зодаи Тоҷикистон нест. Вай мегӯяд, лидери як ҳизби умумимиллӣ он нафаре метавонад бошад, ки бо ин сарзамин пайванди ногусастанӣ дошта ва зодбумаш ин ҷо бошад.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ин иддаои муовини собиқаш - Ҳуринисо Ғаффорзодаро комилан беасос мешуморад ва мегӯяд, тайи ду сол аст, ки хонум Ғаффорзода аз фаъолият дар ин ҳизб канорагирӣ мекунад ва рафтани ӯ аз ҳизб як амали чашминтизор будааст: "Ҳуринисо Ғаффорзода як калима гап гуфта буда, ки "Ман ба ҳизб эҳтиёҷ надорам, ҳизб ба ман эҳтиёҷ дорад." Агар ки Ҳуринисо Ғаффорзода ба ҳизб эҳтиёҷ надошта бошад, имрӯз сотсиал-демократҳо ҳам ба ин хел шахс тамоман эҳтиёҷ надоранд."

Аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар пайи ин изҳороти Ҳуринисо Ғаффорзода ва бо пуштибонӣ аз раиси ҳизб - оқои Зоиров - мегӯянд, аз рафтани хонум Ғаффорзода ин ҳизб ягон зарар намебинад ва заминаи иҷтимоии он низ суст намешавад. Шокирҷон Ҳакимов, раиси бахши душанбегии Ҳизби сотсиал-демократ гуфт, Ҳуринисо Ғаффорзода медонист, ки дар анҷумани навбатии ҳизб ӯро бинобар хунукназарияш ба фаъолияти ҳизбӣ аз маснади муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ барканор мекунанд ва аз ин лиҳоз худаш пешакӣ ин ҳизбро тарк гуфт. Оқои Ҳакимов афзуд: "Ин як чизи эҳсосӣ буд ва давоми мантиқии он тӯҳматномаҳо дар хусуси он, ки ин гӯё ҳизби ҷосусони Узбакистону дигар кишварҳои хориҷист. Инчунин ин ки ин ҳизб асосан мардуми ғайритоҷикро ҷамъ кардааст. Ҳамаи ин аслан поя надорад. Ба ҳама маълум аст, бо вуҷуди он ки раиси ҳизб зодаи Тошканд аст, вай тоҷик аст. Кирдору рафтор, шитухезаш, муносибаташ тоҷикона аст."

Аммо таҳлилгарони сиёсӣ дар мавриди рафтани Ҳуринисо Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиал-демократ ва ба вуҷуд омадани афкори ҷамъиятӣ дар атрофи ин ҳизб фарзияҳои гуногунро пеш меоранд. Муҳиддин Кабирӣ, муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, Ҳизби Наҳзат низ чунин маҳилаеро аз сар гузаронидааст, ки аъзои зиёди он дар як вақт аз сафи ин ҳизб хориҷ шудаанд. Вай ёдовар шуд, пас аз он ки Созишномаи Оштии миллӣ дар соли 1997 ба тавсиб расид, чанде аз фаъолони Ҳизби Наҳзат онро ба ивази мансабҳои давлатӣ тарк карданд. Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, акнун ин марҳиларо бояд Ҳизби сотсиал-демократ низ пушти сар кунад: "Албатта, яке аз иштибоҳҳои Ҳизби сотсиал-демократ дар ин охирҳо дар масоили кадрӣ такя кардани онҳо ба омили гендер ва риояти тавозуни байни минтақаҳо буд. Аммо дар рафтани бархе афрод аз ин ҳизб ду омил метавонад бошад. Яке ин ки шояд ба хотири ягон мансаб ё ҷойгоҳ пайдо кардан дар мақомоти давлатӣ бошад, ки дар гузашта ҳам мушоҳида карда будем. Вале ин ҷо шояд омили дигаре ҳам ҷой дошта боша, ки он пайдо карда натавонистани ҷойи худ дар дохили ҳизб аст."

Дар ҳамин ҳол Мирҳусейн Нарзиев, раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон чунин иддао дорад, ки рафтани Ҳуринисо Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиал-демократ ва ҷалби фаъолони дигари ин ҳизб ба мақомоти давлатӣ гувоҳи он аст, ки ҳукумати вақт аллакай маъракаи пешазинтихоботии раёсати ҷумҳуриро шурӯъ кардааст. Яъне ба қавли оқои Нарзиев, масъулони давлатӣ бо мақсади фалаҷ гардонидани пояҳои аҳзоби мухолифи сиёсӣ дар пешорӯи интихоботи президентӣ, ин тактики сиёсиро пеша кардаанд. Вай афзуд, ин ки дар соли ҷорӣ аъзои Ҳизби сотсиал-демократ мавриди таъқиби зиёд қарор гирифтанд ва ҳатто чанд тан аз аъзои он равонаи зиндон гардиданд, ба ҷонибдорони Ҳизби сотсиал-демократ бетаъсир намондааст.

Вале Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси иттиҳодияи сиёсатшиносони Тоҷикистон бар ин назар аст, ки рафтани ду чеҳраи намоён - Ҳуринисо Ғаффорзода ва Оризшо Пояндашоев - аз Ҳизби сотсиал-демократ метавонад боиси коҳиш ёфтани нуфузи ин ҳизб дар арсаи сиёсати Тоҷикистон гардад: "Вале ман фикр намекунам, ки инҳо ба мисли Ҳизби сотсиалист кадом ҷиноҳи дигарро дар ҳизби худ ташкил кунанд."

Ҳуринисо Ғаффорзода низ мегӯяд, қасд надорад, ки ҷиноҳи дигари Ҳизби сотсиал-демократро таъсис диҳад, аммо мехоҳад як Ҳаракати миллӣ ташкил кунад ва дар он тамоми аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва афроди рӯшанфикрро сарҷамъ оварад. Ӯ мехоҳад дар доираи ин Ҳаракат як консепсияи миллӣ матраҳ кунад, то ҷомеа аз бунбасти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ раҳо гардад. Аммо хонум Ғаффорзода тасмимҳои ҷиддитар аз инро низ мехоҳад пайгирӣ кунад: "Вақти он расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ, ки мехоҳанд як нафарро барои пешвоии миллат пайдо намоянд, бояд ба занҳо такя кунанд. Ва бо аввалин имконияте, ки даст медиҳад, ман, албатта, номзадии худро бо имконоте, ки дар назар ҳаст, ба интихоботи дарпешистодаи раёсати ҷумҳурӣ хоҳам гузошт. Ман мехоҳам тафаккури мардони Тоҷикистонро, тафаккури сиёсатмадоронро бишканам ва бифаҳмонам, ки мо, занон, низ метавонем натанҳо дар мақомоти дуввуму севвуму ... даҳум, балки дар мақомоти аввал ҳам бошем."

Ва дар анҷоми сӯҳбати мо хонум Ғаффорзода афзуд: «Ин тасмими ман хеле ҷиддист!». Оқои Раҳматулло Зоиров, пешвои сотсиал-демократҳо бошад, ба ӯ «фотиҳа» дод ва гуфт: «Марҳамат, майдон аз далер аст!»
XS
SM
MD
LG