Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамкориҳои печидаи иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ


Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Озарбойҷон ва Муғулистону Ҷумҳурии Мардумии Чин узви ин барномае ҳастанд, ки таҳти сарпарастии Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) амалӣ мешавад. Пас аз нишасти дурӯза намояндагони ин кишварҳо ба рафъи монеаҳои тиҷоратӣ даъват кардаанд ва хостаанд, то барои ҳамгироии иқтисодии кишварҳои минтақа ва пайвастани онҳо ба Ҳинду Покистону Русия ва Иттиҳодияи Аврупо гузаргоҳҳои нақлиётии нав бунёд шаванд. Дар ин нишаст кишварҳои узви барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ аз пайвастани Афғонистон ба ин барнома ва тасмими ҳамроҳ шудани Русия ба он низ истиқбол кардаанд.

Пайвастани Русияву Афғонистон ба барнома аз он ҷиҳат муфид арзёбӣ шудааст, ки Русия бузургтарин шарики иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳалқаи занҷире барои пайвастани кишварҳои ин минтақа ба Аврупо мебошад. Ва Афғонистон як шарики тиҷоратӣ ва роҳе барои содироти мол ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ.
Ҳадафи ниҳоии Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодиро барои кишварҳои минтақа, ки бо вуҷуди мавқеи ягонаи ҷуғрофӣ аксар вақт ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бемайлӣ нишон додаанд Чулпон Мамбетова коршиноси барнома шарҳ медиҳад:

"Ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ ҳадафи ниҳоии барнома нест, аввал ин ки ҳамкориҳои минтақавӣ механизм ва ё воситае барои коҳиши камбизоатӣ дар минтақа аст. Дуввум мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва саввум таъмини амният дар минтақа аст. Ҳамаи ин танҳо таввасути ҳамкориҳои бештар ва муаассири минтақавӣ миёни кишварҳо ба даст меояд."

Аммо тавре раиси Бонки Осиёии Рушд Ҳаруҳико Курода дар нишасти ахири намояндагони кишварҳои узви барнома гуфтааст, пайроҳае, ки кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳамкориҳои танготанги минтақавии иқтисодӣ мерасонад, дароз ва пур аз мушкил аст. Ва чанде аз ин мушкилот:

"Аз ҷумла роҳҳои кишварҳои минтақа, ки ҳалқаи муҳиме барои васл ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҳамдигар ҳастанд, ҳоли харобе доранд. Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ ҳамасола 1500 километр роҳҳои минтақа вайрон мешаванд ва барои тармими онҳо ҳукуматҳо маблағи кофӣ надоранд. Роҳҳои фарсуда интиқоли молу колоро кунд ва харҷи иқтисодиро бузургтар мекунад."

"Дуввум мушкили кишварҳои минтақа дар соҳаи энержӣ аст, ки оҳанрабои табиӣ дар ҳамкориҳои иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Аммо сиёсати аксари кишварҳои минтақа дар ин самт худкифоӣ бо энержӣ, аз ҷумла нерӯи барқу газ аст ва созишномаҳои байниҳамдигарӣ дар ин самт ба осонӣ ба даст намеоянд. Аммо ин танҳо сиёсати давлатӣ нест, ки ҳамкориҳои минтақавиро дар соҳаи энержӣ мушкил мекунанд. Лӯлаҳои нави газ, шабакаҳои пурқударти интиқоли нерӯи барқ ва анборҳои бузург аз омилҳои тавсиаи ҳамкориҳои минтақавии энержӣ аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз инҳо бенасиб ҳастанд. "

"Мушкилӣ дар тиҷорати молу коло ва интиқоли транзитии онҳо бемории дигарест, ки намегузорад ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ тавсиа ёбанд. Тарифаҳои баланди гумрукӣ ва транзитӣ ҳамвора барои соҳибкорон ва корхонаҳои давлатии кишварҳои минтақа дарди сар эҷод мекунад. Дар бархе ҳолатҳо нозирон мисли санги санг баногоҳ роҳи боркашонро мебанданд ва ришва талаб мекунанд. Сахтиҳои дигар муқаррароти печидаи убури марзҳо, бастани ногаҳонии гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар убуру мурури нақлиёт ва мусофирон аст. "

Чолпон Мамбетова коршиноси Барномаи ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Марказӣ мегӯяд, як ҳадафи барнома маҳз аз байн бурдани ин монеаҳост. Вай таъриф мекунад, ки кишварҳои узв то кунун дар ин самт ба пешравиҳое даст ёфтаанд:

"Мо чаҳор дурнамои асосиро муайян кардаем ва дар ҳар ин чаҳор бахш дар зарфи чаҳор панҷ соли ахир натиҷаҳои воқеъӣ ва мушаххасе ҳосил шудааст. Аз ҷумла тарҳҳои мушаххас татбиқ мешаванд ва ҳамчунин дар соҳаи энержӣ тавофуқоте ба даст омаданд. Масалан дар соҳаи транспорт барномаи нақшаи роҳро қабул шудааст, ки кишварҳои узв барои таъсиси гузаргоҳҳои нақлиётӣ чӣ кор бояд кунанд. "

Ҳадаф аз ин барнома тармими роҳҳои иртиботӣ ва гузаргоҳҳои марзӣ будааст. Созишномаи Тоҷикистону Қирғизистон доир ба ҳамкориҳо ва транзит ҳамоҳангии бархе муқаррароти боҷситонӣ миёни кишварҳои узвро Чолпон Мамбетова пешравии дигари барнома хонд.

Аммо аҳамияти барномаи ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ хосса барои Тоҷикистони камбизоат чист. Чолпон Мамбетова: " Аҳамияти ин барнома барои Тоҷикистон ниҳоят зиёд аст, аввал ба он хотир, ки Тоҷикистон феълан сектори энержии худро ҷиддан тавсиа мебахшад. Аз Русия ва кишварҳои дигари қораи Осиё Тоҷикистон барои лоиҳаҳои энержии худ сармоя ҷалб мекунад, аз ҷумла барои нерӯгоҳи Сангтӯда ва сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки имкон медиҳанд, нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя содир шавад. Барои ҳамин ҳамкориҳо дар доираи барнома барои Тоҷикистон метавонад натиҷаҳои бузург биёрад ва мо онро дар мисоли ин тарҳҳои мушаххас мебинем. "

Ҳосили дигари барнома барои Тоҷикистонро Аслам Акрамов муовини вазири даромад ва пардохтҳо, ки дар нишасти ахири намояндагони кишварҳои узви барнома ширкат дошт, чунин баршумурд:

"Вақте ки ҳамин барномаҳоро мавриди амал қарор доданд, гардиши мол дар як муддати кӯтоҳ 50 фоиз зиёд шуд. Пардохтҳои гумрукиро паст кардан, шаффофият даровардан дар мавриди интиқоли мол, дар сарҳад мақомоти назораткунандаро кам кардан, дар як вақти кӯтоҳ ба расмият даровардани молу васоити интиқолмешудагӣ. Албатта мо агар тамоми ин барномаҳоро мавриди амал қарор диҳем, ҳамаи он ба афзоиши тиҷорат мусоидат мекунад."

Татбиқи барномаи ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз соли 1997 шурӯъ шудааст ва Бонки Осиёии Рушд дар доираи он барои иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ 275 миллион доллар қарзи боимтиёз ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG