Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабр дар хонавода ва меваҳои талхи он


Зебо Қодирова, равоншиноси Маркази ҷумҳуриявии рафъи бӯҳрон мегӯяд, ин қурбониёни хушунати хонаводагӣ, бо роҳҳои мухталиф, аз қабили худсузӣ, истеъмоли заҳр ва овехтан, қасди ҷон кардаанд, аммо маъмултарин воситае, ки аксар занҳо ва ҷавонони ноболиғ бештар интихоб мекунанд, истеъмоли доруҳои кимиёӣ,ба монади кислота ва сирко мебошад: "Аз онҳо 270 нафар дору ва ё сирко хурдаанд, панҷ нафар худсӯзӣ кардаанд, дигаронашон рагҳоро буридаанд."

Хонум Қодирова меафзояд, дар аксар маворид, онҳое, ки қасд ба ҷон кардаанд ва бо кӯмаки пизишкон аз марг наҷот ёфтаанд, ба ранҷу дарди якумрӣ мубтало мешаванд. Як сокини 25-солаи ноҳияи Рудакӣ, ки аз бурдани номаш ибо кард ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро волидон маҷбурӣ дар 16-солагӣ ба шавҳар додаанд.
Дар хонаи шавҳар ӯ тайи 9 сол, пайваста мавриди лату кӯб ва таҳқирҳои шавҳар ва хешу табори вай қарор доштааст. Ӯ саргузашти талх ва қиссаи худсӯзиашро ба Радиои Озодӣ чунин нақл кард.

Дар ҳамин ҳол, Зӯҳро Муборова, корманди Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон мегӯяд, солҳои ахир нисбат ба 4-5 соли қабл, донишу огоҳиҳои занҳои тоҷик, то андозае боло рафтааст ва занҳои пойтахт ва навоҳии мухталифи кишвар аз хидмати адвокатҳои ин марказ зиёд истифода мекунанд.

Ҷомеъашиносон бар инанд,ки яке аз сабабҳои аслии ба кундӣ коҳиш ёфтани хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон, камтаваҷҷӯҳии ниҳодҳои масъули ҳукуматӣ, ба ин мушкилоти умдаи ҷомеъа мебошад. Ба назари эшон, ба ҷуз чанд созмони байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, дигар ҳеҷ яке аз ниҳодҳои давлатӣ ба таври бояду шояд, барои аз миён бурдани ин падида дар ҷомеъа, кӯшиш намекунанд.

Мирҳусейн Нарзиев, раиси ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, дар робита ба ин мавзуъ мегӯяд.

Ба гуфтаи коршиносон, яке аз гурӯҳҳои осебпазири хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон, кӯдакон мебошанд, ки бахши аъзами эшон, дар роҳи гурез аз хушунати хонаводагӣ рӯ ба хиёбон ва бозор овардаанд. Ин хурдсолон зери таҳхона ва даромадгоҳҳои сарду тираи биноҳои шаҳрро аз таҳқиру тазйиқи волидони майзадаву муътоди худ, авлотар медонанд.

Хуршед як сокини 10-солаи пойтахт мегӯяд, падарашро дар ёд надорад. Бо модари бекор ва 4 хоҳару бародараш дар манзили дуҳуҷрагӣ зиндагӣ мекард ва ҳамеша аз гуруснагӣ ранҷ мебурд.

Хуршедро ранҷу шиканҷаи модар ва бародараш ба кӯча андохтааст. Хуршед бо изҳори сипос аз кормандони маркази кудакони бепарастори ба номи Карен Манн, мегӯяд агар ӯро ба ин марказ намеоварданд,шояд аз гуруснагӣ ҷони худро аз даст медод.
Қиссаи Хуршед

Саидмоҳ Нарзуллоева, мурабии маркази кӯдакони бепарастори ба номи Карен Манн мегӯяд, маркази онҳо ҳудуди 200 нафар кӯдакони бепарасторро, ки бар асари хушунати хонаводгӣ тарки манзил кардаанд, бо таҳсил, ҷойи зист ва ғизою либоси ройгон, таъмин мекунад, аммо теъдоди чунин кудакони овора дар Душанбе ва навоҳии атрофи он зиёд аст ва марказ ба иллати набуди имконот, наметавонад теъдоди бештари чунин кӯдаконро зери пӯшиш, қарор диҳад. Ӯ доир ба ҷабр ба ҷони кӯдакон дар хонаводаҳо мегӯяд.

Вилоят Мирзоева, раиси UNIFEM Бунёди занони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, бар ин аст, ки дар роҳи мубориза бо хушунат, бояд аз воситаҳои афзалиятнок, кор гирифта шавад, аз қабили ҳар чӣ бештар гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ ва нашру дастраси мардум кардани дастуру китобҳо дар ин мавзуъ.
Мутобиқи таҳқиқоти дафтари минтақавии UNIFEМ, дар соли 2004, дар Тоҷикистон, ҳамасола беш аз 70 дар сади занҳои то 30-сола ва 40 дар сади кӯдакон дар хонавода, дар ҷойи кор ва макотиб, дучори хушунат мешаванд.
XS
SM
MD
LG