Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наздики 1 миллиард доллар ваъдаи кӯмаки ADB


БОР (ADB) дар ин ҳафта хабар дод, ки кӯмакҳояш барои барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (ОМ) мавсум ба CAREC-ро ба таври чашмгир афзоиш дода, дар 3 соли оянда ба кишварҳои минтақа дар зери чатри барномаи CAREC 952 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Аз ин маблағ 943 миллионаш ба гунаи қарзҳои боимтиёз ба манзури татбиқи 16 лоиҳаи бузург ва 9 миллион доллараш ба шакли кӯмакҳои билоивази фаннӣ барои амалӣ гардонадани 13 лоиҳаи дигар дар ихтиёри кишварҳои ОМ қарор хоҳанд гирифт. Ин дар ҳолест, ки ADB тайи 5 соли ҳамкориаш бо барномаи CAREC дар он бо 275 миллион доллар қарзи боимтиёз ва 17 миллион доллар кӯмакҳои фаннии билоиваз саҳм гирифта буд.

Барномаи CAREC аз соли 1997 ба ин сӯ ва асосан дар 4 риштаи нақлиёт, энержӣ, сиёсати тиҷорат ва имконоти тиҷоратӣ татбиқ мешавад. Ин барнома ҳамаи 5 кишвари ОМ, Озарбойҷон, Муғулистон ва минтақаи мухтори Шинҷон-Уйғури Чинро дар бар гирифта, дар охирин мулоқоташ, ки се ҳафта пеш дар Бишкек гузашт, Русияву Афғонистонро низ ба ҳамкорӣ даъват кардааст. Аз ҷумлаи лоиҳаҳое, ки ADB дар чаҳорчӯби барномаи CAREC маблағгузорӣ мекунад, метавон се барномаи барои Тоҷикистон муҳими тармими роҳи Душанбе - Нуробод - Саритоши Қирғизистон, бозсохти лӯлаҳои гази минтақа ва бозсозии шабакоти барқрасонии Тоҷикистонро ном бурд. ADB татбиқи марҳалаи аввали тармими роҳи Душанбе - Нуробод - Тоҷикобод ва то марзи Қирғизистонро 15 миллион доллар кӯмак расонда ва дар се ҳафтаи пеш бо имзои як қарордоди дигар тааҳҳуд дода, ки марҳалаи дуввуми ин барномаро бо ҳудуди 30 миллион доллар қарзи нав таъмини молӣ хоҳад кард. Қарзи нави Бонки Осиёӣ боимтиёз буда, барои 32 сол дода мешавад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG