Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии барномаи Тоҷикистон дар Ню-Йорк


Расми муаррифии стротежии миллии рушди Тоҷикистон рӯзи 12 декабр дар як мизигирд дар қароргоҳи котиботи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор хоҳад шуд. Ин стротежӣ дар чаҳорчӯби барномаи рушди ҳазорсолаи СММ барои 10 соли оянда таҳия шудааст.
Дар моҳи июни соли ҷорӣ мақомоти давлати Тоҷикистон дар ҳамроҳӣ бо коршиносони СММ гузориши ниҳоӣ дар бораи ниёзмандиҳои Душанбе барои иҷрои барномаи рушди ҳазорсоларо таҳия карданд. Бар асоси он, ниёзи Тоҷикистон ба кӯмакҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби ин барнома то соли 2015 ҳудуди 13 миллиард доллар ҳисоб шудааст.
Мақомоти СММ мегӯянд, Тоҷикистон аз нахустин кишварҳост, ки стротежии миллии рушдашро дар ихтиёри ин созмон қарор медиҳад. Ба мизигирди Ню-Йорк аз Душанбе мушовири иқтисодии президенти Тоҷикистон, раиси Бонки Миллӣ, намояндаи Душанбе дар СММ ва вузарои давлати Тоҷикистон даъват шудаанд. Дар ин ҳамоиш ҳамчунин мақомоти баландпояи СММ ва намояндагони кишварҳои кӯмакрасон ва созмонҳои байналмилалии молӣ, назири Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Сандуқи Байналмилалии Пул, дар маҷмӯъ ҳудуди 70 намоянда ширкат хоҳанд кард.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG