Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурнамои нави EBRD барои Тоҷикистон


Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд (EBRD) гуфтааст, агарчӣ Тоҷикистон дар ростои гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ба пешравиҳои назаррас даст ёфтааст, аммо гузариши он ба ҷомеаи бисёрҳизбӣ ва чандандеш ҳанӯз ҳам ноҳамвор аст.
Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд, дар дурнамои нави худ барои Тоҷикистон гуфтааст, агарчӣ шароити макроиқтисодии ин кишвар дар ду соли гузашта беҳбуд ёфта, коҳиши камбизоатӣ мушоҳида шуд, аммо даромади солонаи мардум соли гузашта 316 долларро ташкил дода, Тоҷикистонро дар феҳрасти фақиртарин кишварҳо боқӣ гузошт.
Хулосаи дигари бонк ин аст, ки ҳарчанд Тоҷикистон дар ростои хусусигардонии иншооти хурди давлатӣ ва тиҷорат ва қимматгузории бозорӣ босуръат пеш рафтааст, аммо ҳанӯз ҳам чолиш ва ё мушкилоти азиме дар роҳ ба сӯи рушди иқтисодӣ дорад.
Аз ҷумла Тоҷикистон ба гуфтаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд, дар ростои хусусигардонии муассисаҳои азим, тағйири низоми идории корхонаҳо ва инкишофи инфраструктураҳои мувофиқ барои рушди бозаргонӣ пешравии чандоне надоштааст. Низоми бонкӣ бо вуҷуди рушд дар чанд соли гузашта ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон заъиф аст ва барои соҳибкорону тавлидкунандагони дохилӣ захираҳои молии кофӣ пешниҳод намекунад.
Баҳои Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ба тавонмандии ҳукумати Тоҷикистон низ чандон мусбат нест, ба ин далел, ки ин ниҳоди бонуфузи молӣ мегӯяд, тавони ҳукумати Тоҷикистон дар таҳияву иҷрои қонунҳо заъиф боқӣ монда ва саддҳои ғайрирасмӣ монеъи рушди бозори дохилӣ шудааст.
Дар дурнамои Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд барои солҳои 2006-2007 ин бонк ислоҳи чаҳор бахшро барои рушди ояндаи иқтисоди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кардааст.
Нахуст инкишофи сектори хусусӣ таввасути таҷдиди низои идории корхонаҳо ва хусусигардонии муассисаҳои азими кишвар.
Дуввум офаридани як низоми бонкие, ки қодир ба иҷрои вазифаи як миёнарави молӣ бошад, яъне сармояҳои шахсӣ ва мардумро ҷалб карда, мувофиқи ниёзи тавлидгарони дохилӣ ба онҳо қарз дода тавонад.
Саввум мусоидат ба рушди тиҷорат ва ҷалби сектори хусусӣ дар сохтмони инфраструктураҳо, аз ҷумла дар марҳилаи аввал ба соҳаи гидроэнержӣ.
Аммо барои расидан ба ин аҳдоф Тоҷикистонро мебояд чанд дарди сахти иқтисоди худро дармон бубашад, аз ҷумла фасодкории фарогирро коҳиш бидиҳад, ки мардуми камбизоатро аз дастрасӣ ба кору дигар имконот маҳрум ва онҳоро фақиртар мекунад.
Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар дурнамои худ барои Тоҷикистон барои солҳои 2006-2007 аҳд додааст, ки фаъолияти худро дар ин кишвар тавсиа мебахшад. Аз ҷумла ихтисоси қарз ба соҳибкорони хурду миёнаро афзоиш медиҳад, сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёту саноат ва кишоварзиро зиёд ва ҳамчунин саъй мекунад, то барои Тоҷикистон сармоягузорони нав пайдо намояд.
Тоҷикистон соли 1992 ба узвияти Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд пайвастааст ва ин бонк то кунун ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 43 миллион евро сармоягузорӣ кардааст, аз ҷумла барои таҷдиди шабакаҳои телефонии Тоҷикистон ва таъсиси ширкати Оби Зулол.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG