Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

А.Азимов: "Дар хоки Тоҷикистон ягон пойгоҳи террористӣ нест!"


Амирқул Азимов, дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон дар посух ба ахбори нашршуда дар матбуот дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, Тоҷикистон кишвари гузаргоҳи террористҳои байналмилалӣ нест ва дар қаламраваш ягон пойгоҳи тамрини чунин гурӯҳҳо вуҷуд надорад.

Ахиран бархе расонаҳо дар бораи эҳтимоли вуҷуди пойгоҳҳои Ҳаракати Исломии Узбакистон дар қаламрави Тоҷикистон ҳадс зада буданд. Оқои Азимов гуфт, дар ҳақиқат, нирӯҳои мусаллаҳи ин ҳаракат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби мухолифини тоҷик меҷангиданд, вале бо хатми ҷанг ва имзои созишномаи сулҳ нирӯҳои Ҳаракати исломии Узбакистон , ки дар шарқи Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ҳанӯз дар тобистони соли 1999 аз қаламрави кишвар ронда шуданд. Генерал Азимов ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки амалиёти ихроҷи ин нирӯҳоро вай шахсан раҳбарӣ мекард. Аммо оқои Азимов афзудааст, ки дар Тоҷикистон ҳизби Таҳрир ба таври зеризаминӣ фаъолият дорад ва теъдоде аз пайравони Ҳаракати Исломии Узбакистон ҳам боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG