Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 сол ҳукми зиндони як узви гурӯҳи Хӯҷа Каримов


Додгоҳи вилояти Хатлон Раҳим Раҷабов, сокини 31-солаи ноҳияи Бохтарро бо ҷароими узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи фармондеҳи собиқи Фронти Халқӣ Хӯҷа Каримов ва гаравгонгирӣ ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Аммо бар асоси қонуни афви соли 1998, сеяки ин ҳукми додгоҳ дар қиболи Раҳим Раҷабов кам шуда, ӯ акнун бояд 10 солро дар маҳбаси низомаш шадид ба сар барад.

Бино бар натоиҷи тафтишот, дар авоили соли 1994 гурӯҳе, ки Раҳим Раҷабов низ шомилаш будааст, Маҳмадуллоҳ Саъдуллоев ва Фарҳод Шукуровро ба гарав бурда, дар тӯли чандин рӯз дар манзили Хӯҷа Каримов нигоҳ медорад.
Ба навиштаи хабаргузории "Авасто", ношири ин хабар, ҳарду гаравгон дар таърихи 10 феврали соли 1994 бо мусалсали Калашников кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG