Пайвандҳои дастрасӣ

Рахна дар суфуфи ҲСДТ?


Ҳуринисо Ғаффорзода, муовини раиси ҲСДТ аз мақоми худ даст кашид ва аз сафи ин ҳизб хориҷ шуд. Хонум Ғаффорзода сабаби аз ин ҳизб хориҷ шуданашро дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин гуна шарҳ дод, ки вай аз фаъолияти ҲСДТ норозӣ буда ва намехоҳад, узви чунин як ҳизбе бошад, ки тавони таъсир гузоштан дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишварро надорад:

«Аъзои Шӯрои сиёсии мо, ки аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳастанд, вале бо сухани хушку холӣ, бо дасти холӣ, на таҳкурсии молӣ доранд, на таҳкурсии маънавӣ доранд, на таҳкурсии фарҳангӣ ва забонӣ доранд, чи гуна метавонанд ҳизбро пеш баранд, чи гуна метавонанд фардо пешвои миллат бошанд?! Дар ҳар сурат ман бонуе ҳастам, ки натанҳо як ҳизбро тарк кардам, ман худам як ҳизб ҳастам, саропо ҳизб ҳастам!»

Ва аммо Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон иддаои хонум Ғаффорзодаро нисбат ба ҳизб ва садорати он як бӯҳтон номид ва гуфт, рафтани ӯ аз Ҳизби сотсиал-демократ ба маънои шикоф дар баданаи ин ҳизб нахоҳад буд:

«Аз рафтани Ҳуринисо Ғаффорзода ҳизби мо ягон зарар намебинад ва заминаи иҷтимоии он низ суст намегардад. Қаблан ӯ медонист, ки дар арафаи баргузории анҷумани ҲСДТ, ки 13 декабр дар назар аст, масъалаи аввал ин ворид кардани ислоҳот дар сохтори ҳизб, муайян кардани ҳадафҳои навбатӣ ва стратегияи ҲСДТ дар ҳаёти сиёсӣ аст. Ҳуринисо хуб медонист, ки дар ин анҷуман аз ҷумла ӯ аз вазифаи муовини раиси ҲСДТ бояд озод карда мешуд.»

Дар ҳамин ҳол, Ҳуринисо Ғаффорзода мегӯяд, азм дорад, як Ҳаракати ҷадиди миллӣ таъсис диҳад ва ба ин васила дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзад. Ба гуфтаи хонум Ғаффорзода, бояд тарҳи як консепсияи миллӣ матраҳ шавад, то ҷомеа аз бунбасти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ раҳо гардад:

«Мақсади асосӣ аз таъсис додани ин анҷуман ё ҳаракати миллӣ он аст, ки тамоми аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва афроди рӯшанфикрро сарҷамъ кунад ва ин нафарон метавонанд узви Ҳаракати мо бошанд ва тавонанд он ангезаҳое, ки ба дарди миллат мехуранд, пешбурд кунанд ва пешниҳодҳо дар ин маврид дошта бошанд ва пайи иҷрои онҳо шаванд.»

Хурӯҷи Ҳуринисо Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки ахиран яке аз фаъолони дигари ин ҳизб - Оризшо Пояндашоев аз маснади раиси созмони Ҳизби сотсиал-демократ дар шаҳри Душанбе барканор шудааст. Ҳамзамон тайи соли равон ду роҳбари бахши Ҳизби сотсиал-демократ дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон - Балхиёр Замиров ва Ҳалим Шерзамонов низ пас аз ишғоли вазифа дар сохторҳои давлатӣ аз мақомҳои худ даст кашидаанд.
XS
SM
MD
LG