Пайвандҳои дастрасӣ

Душмани дар зери замин хуфтаи Тоҷикистон


Сафари сардори маркази минарӯбии Тоҷикистон ба Хорватия барои иштирок дар конфаронси байнулмилалӣ дар ҳоле ба амал меояд, ки мақомоти Ӯзбакистон аз ҳама гуна робита бо ҳамкорони тоҷик дар масъалаи минаҳои марзӣ худдорӣ мекунанд ва ҳайъате ки барои омӯзиши вазъ ба марзи байни ду кишвар сафар карда буд, бидуни бозёфте ба Душанбе баргашт.
Ҳанӯз як моҳ пеш, ноиби фармондеҳи нирӯҳои марзбони Ӯзбакистон Рашид Ҳабиев гуфт, кишвараш ба поккории марз аз минаҳои зиддинафар шурӯъ кардааст, аммо ҳамоҳангсози Маркази минарӯбии Тоҷикистон Парвиз Мавлонқулов имрӯз мегӯяд, то ҳол ягон далел надорад, ки ин иттилоъ дуруст аст.
Сармушовири фаннии Маркази минарӯбии Тоҷикистон аз тарафи Барномаи рушди СММ Вилям Лоуренс мегӯяд, масъалаи мина як масъалаи минтақавист ва ҳама гуна ташаббуси минтақавӣ дар ин самт кори нек аст. Вай мегӯяд, мумкин аст, Ӯзбакистон ба поккории марзи байни ду кишвар сар карда бошад, вале маълум нест, дар кадом минтақа: "Ин марз чанд ҳазор километр тӯл дорад ва вақте ки онҳо намегӯянд, куҷоро пок мекунанд, мо намедонем ба чорводорон бигӯем, ки ба куҷоҳо нараванд, ба кӯдакон бигӯем дар куҷо бозӣ накунанд ва ба хонаводаҳо бигӯем дар куҷо зиндагӣ накунанд. Зеро мо намедонем, ӯзбакҳо куҷоро тоза мекунанд ва сарҳад тӯлонист. Бадбахтона, мо муколамаи бисёр маҳдуд дорем бо кишвари ҳамсоя ва биноан наметавон ягон хел иттилоъе аз онҳо гирифт."

Вазорати дифоъи Ӯзбакистон хабар дод, ки минаҳои марзиро дар минтақаҳои Узуни Сурхондарё, Сух ва Шоҳимардони Фарғона маҳв кардаанд. Вале Ӯзбакистон намояндагони Тоҷикистонро барои мушоҳидаи ин маърака даъват накардааст.
Оё иштироки сардори маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон Ҷонмаҳмад Раҷабов дар конфаронси байнулмилалии Загреб ба ҳалли мушкил то куҷо кӯмак карда метавонад. Ҳамоҳангсози марказ Парвиз Мавлонқулов мегӯяд, Ӯзбакистон узви Паймони Оттава нест ва дар ин нишаст ширкат надорад. Вале Раҷабов вазъи мавҷударо ба намояндагони давлатҳои узв рӯшан хоҳад кард.
Дар изофа ба масъалаи минаҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон, ки аз таркиши онҳо даҳҳо шаҳрванди осоишта кушта ва захмӣ шудааст, зарурати поккории минтақаҳои дигари Тоҷикистон, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ минагузорӣ шуданд ва минаҳо дар бархе аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон, як бахши барномаи маркази минарӯбии Тоҷикистон мебошанд.
Шоми чоршанбе ду сарбози нирӯҳои марзбони Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз аз таркиши мина ба ҳалокат расиданд.
Вилям Лоуренс, сармушовири фаннии Маркази минарӯбии Тоҷикистон аз тарафи Барномаи рушди СММ мегӯяд, ин таркишҳо дар ҳоле ба амал омаданд, ки майдони мина аломатҳои возеҳ дошт ва вуруд ба он манъ буд. Ба сурати умум, мегӯяд Лоуренс давоми сол 19 нафар аз таркиши мина куштаву захмӣ шудаанд.
Баъд аз имзои Созишномаи Оттава кишвар ӯҳдадор аст, то соли 2010 тамоми қаламрави худро аз мина тоза кунад. Аммо бо шеваи феълӣ гумон аст, ин нақша амалӣ гардад, зеро маблағ намерасад ва поккорӣ асосан дастӣ сурат мегирад, бе мошинҳо ва сагҳои минаҷӯ ва ҷомеаи байнулмилал ваъдаҳои худро иҷро намекунад: "Дар соле ки мегузарад мо якуним милён доллар камтар маблағ гирифтем ва натавонистем, нақшаро иҷро кунем. Ман умедворам, ки ҷамъомади Загреб ҷомеъаи ҷаҳониро водор мекунад, ба Тоҷикистон маблағи бештар расонад. Ҳарчанд дар қиёс бо дигар кишварҳо, мушкили Тоҷикистон хурдтар аст, аммо фарқ надорад, вақте ҳанӯз одамон кушта мешаванд, кӯдакон ба таври ваҳшатангез захмӣ мегарданд ва 25 ҳазор километри мураббаъ замини одамкуш дорем. Дуруст аст, ки Тоҷикистон ӯҳдадори ин поккорист, вале тибқи Паймони Оттава ҷомеаи ҷаҳонӣ низ масъулият дорад ва умедворам дар соли оянда назар ба имсол пуштибонии беҳтаре нишон диҳад."

Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон дар соли 2003-юм таъсис ёфта, асосан бо мадади молии Бунёди зидди минаи Швейтсария амал мекунад.
XS
SM
MD
LG