Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷир президент шуда наметавонад?


Ба гуфтаи оқои Дӯстов, ин талаботи қонуни интихобот хилофи Қонуни асосии кишвар аст ва бар асоси нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони муҳоҷири кишвар таҳия шудааст. Раиси бунёди «ИНДЕМ» бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти шаҳрвандони муҳоҷири тоҷик дар хориҷи кишвар гуфт, ҳуқуқи онҳо берун аз марз аз сӯи ҳеҷ як аз мақомоти масъули давлатӣ ҳимоят намешавад.

Ҷаноби Дӯстов гуфт, пардохти махфии моҳона аз сӯи корхонаҳои хусусиву давлатии ин кишвар ба муҳоҷирини ғайрирасмии тоҷик ҳар сол бештар аз 15 миллиард рубли русӣ ба иқтисоди Русия хисорот ворид мекардааст. Ба эътиқоди оқои Дӯстов, чунин як мушкили пешомада марбут ба қонунгузориҳои ин кишвар мебошад. Зеро, мегӯяд ӯ, тибқи қавонуни Русия барои расман ба кор гирифтани як муҳоҷири тоҷик таҳияи 26 санад зарур аст, ки маъмулан барои як шаҳрванди хориҷӣ мушкилоти зиёд дорад. Ин дар ҳолест, ки меафзояд раиси бунёди «ИНДЕМ», бар асоси таҳқиқоти бунёди онҳо 45 дарсади муҳоҷирини тоҷик барои шахсони алоҳида кор мекунанд.

Дар конфаронси мазкур ҳамчунин дар мавриди ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар баҳс шуд, вале ба эътиқоди ағлаби ширкаткунандагон дар шароити феълӣ, ки раванди бекорӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш аст, то чанд муддати дигар намешавад сари ин мавзӯъ сӯҳбат кард.
XS
SM
MD
LG