Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон 8 - 0 Покистон


Дар ин бозӣ, ки рӯзи ҷумъаи 25 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифт, Раҳмоналӣ Баротов дар дақиқаи дувоздаҳум ҳисобро боз кард. Баъдан, Комил Саидов голи дуввумро ба самар расонд. Ҳафт дақиқа қабл аз хотимаи нимаи аввали бозӣ Ҷамшед Исмоилов аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро тағйир дод. Нимаи дуввуми бозӣ низ бо бартарии комили мизбонон гузашт. Бозигарони ҷавони тоҷик Аскар Равшанов, Иброҳим Рабимов (аз ҷаримаи ёздаҳметра), Бахтиёр Ҳасанов, Акмал Сабуров ва Соҳиб Сувонқулов ба дарвозаи дастаи Покистон боз панҷ гол заданд.

Ёдовар мешавам, ки дар аввалин бозии ин гурӯҳ дастаи Покистон аз тими Узбакистон бо натиҷаи 0 бар 3 мағлуб гашта буд. Ба ин тартиб, тими Покистон, ки аз ҳарду ҳарифи худ шикаст хӯрд, дар ҷадвали гурӯҳ дар зинаи охирин қарор гирифт.

Дастаҳои Узбакистон ва Тоҷикистон муборизаро барои роҳхат ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2006 идома медиҳанд. Ҳарду сеимтиёзӣ ба даст овардаанд. Вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи Тоҷикистон дар садри ҷадвал қарор дорад. Тими Узбакистон мақоми дувумро ишғол мекунад. Ғолиби гурӯҳи «Е» дар бозӣ миёни ҳарду даста, ки рӯзи якшанбеи 27 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд. Барои ба даст овардани роҳхат ба давраи ниҳоӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад. Вале тими мунтахаби ҷавонони Узбакистон танҳо дар сурати пирӯзӣ бар дастаи мизбон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбад.

Дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2006 байни ҷавонони то 20-сола ҳамагӣ 39 дастаи мунтахаб дар 14 гурӯҳ рақобат мекунад. Дар айни ҳол бозиҳо дар 11 гурӯҳ сурат гирифтааст. Сабқати гурӯҳҳои D, G ва I дертар баргузор хоҳад шуд. Тибқи низомномаи мусобиқот ғолиби ҳар як гурӯҳ ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли оянда дар Ҳиндустон доир мешавад, роҳ меёбад. Тими Ҳиндустон ҳамчун мизбон бидуни рақобат дар бозиҳои интихобӣ дар давраи ниҳоӣ ширкат хоҳад кард. Ва соҳиби роҳхати охирин дар бозии интихобӣ миёни намояндагони манотиқи Осиёи Шарқӣ ва Уқёнусия муайян мешавад.
XS
SM
MD
LG