Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоб дар ҷустуҷӯи номзад барои маснади президентӣ


Ҳоло аз шумори аҳзоби мухолифи давлат ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократ, ҳизби сосиал-демократ ва ҳизби сосиалисти ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев, ончуноне аз баёнияи масъулини ин созмонҳои сиёсӣ бармеояд, ҷиҳати таъсиси як Эътилоф, пешниҳоди барномаи муштараки интихоботӣ ва номзади воҳид бо ҳам музокирот оғоз кардаанд. Ба эътиқоди масъулини аҳзоби мазкур, ки дар талоши тағйири фазо ва қудрати сиёсии кишвар аз роҳи интихоботи президентӣ ҳастанд, дар ҳоле ки ҳизби халқӣ-демократӣ якҷо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ вориди сабқати интихоботӣ мешавад, онҳо наметавонанд, дар танҳоӣ ба ҳадаф бирасанд.

Муҳиддин Кабирӣ - муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъйид кард, ки дар нишасти ахири раёсати ин ҳизб масъалаи таҳияи нақшаи чорабинӣ ва барномаи амал дар маъракаи интихоботи қарибулвуқӯи раиси ҷумҳурӣ мавзӯи аслӣ будааст. Оқои Кабирӣ гуфт, дар ин ҷаласа дар бораи пешниҳоди номзади мушаххас ба мансаби олии кишвар сӯҳбат нашудаааст. Аммо ӯ таъкид кард, ки иштироки Ҳизби наҳзати исломӣ дар маъракаи интихоботи президентӣ аз интихоботи порлумонӣ тафовут дорад.

«Агар мо дар интихоботҳои порлумонӣ муносибати худро бо аҳзоби дигар вобаста ба манофеъи ҳизб, пеш аз ҳама ҳизби худамон интихоб мекардем ва бо онҳо як гуфтушунид, як мавзеъгирии муштарак доштем, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мо мавқеи худро вобаста ба манфиатҳои миллӣ хоҳем гирифт. Интихоботи президентӣ аз интихоботи порлумонӣ бо ҳамин фарқ мекунад, ки инҷо бештар манфиатҳои умумимиллӣ матраҳ мешаванд.»

Бо ин ҳол, пешниҳод ва пуштибонии нафари ғайриҳизбӣ ё узви ҳизби дигар ба ҳайси номзади воҳид ба мақоми раиси ҷумҳурро аз сӯи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон- Муҳиддин Кабирӣ рад накард.

Шокирҷон Ҳакимов - муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки барои анҷоми як маъракаи мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ дар кишвар зарур аст, қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон аз сари нав ва бо иштироки ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва коршиносони байналмилалӣ дар зудтарин фурсат таҳия ва тасдиқ карда шавад. Оқои Ҳакимов бо ишора ба ҷараёни ташкил ва баргузории интихоботи қаблии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 гуфт, мақомоти маҳаллӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ ва бо такя ба қонуни ҷорӣ барои иштироки аҳзоби мухолиф монеа эҷод мекунанд. Вай гуфт, дар ғайри сурат ҳар номзадеро, ки ҳизби ҳокими халқӣ-пешниҳод мекунад, ҳатто ӯ агар раиси ҷумҳури феълӣ набошад ҳам баранда хоҳад буд.

«Мо пешниҳод кардем, ки ҳизбҳои дигар, ки диди худро доранд, рӯи хотири ворид намудани таҳаввулоти ҷиддӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва гузаронидани ислоҳотҳои иқтисодӣ ва ба як сатҳи сифатан нав баровардани давлатдории муосири тоҷик манфиатҳояшонро муттаҳид кунанд, дар он вақт имконияти як рақобат кардан ба вуҷуд меояд, дар муқобили ҳизби халқӣ-демократӣ.»

Аммо Мӯсо Асозода -раиси дафтари Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ кадом аз аҳзоби сиёсии кишвар барои ташкили Эътилоф бо ин ҳизб дар маъракаи қарибулвуқӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуфтушунид накардааст. Гузашта аз ин ташкили кадом як Эътилоферо низ ҳизби халқӣ-демократӣ як амри зарурӣ намешуморад. Аз сӯи дигар, гуфт оқои Асозода, дар ҷаласаҳои ахири ин ҳизб мавзӯи интихоботи президентӣ ва пешниҳоди кадом номзади дигар ва тозае низ матраҳ нашудааст. Ӯ гуфт, ба эҳтимоли қавӣ ҳизби халқӣ - демократӣ пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии феълии кишварро ба мақоми олии кишвар вазифаи худ мешуморад,

«Мо дар бораи ягон номзад ҳоло фикр накардаем, фақат аз имкон берун нест, ки мо президенти феълӣ яъне раиси ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистонро агар он кас розигӣ диҳанд, ҳамчун номзади Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон пешбарӣ намоем. Лекин ин фақат салоҳияти анҷумани ҲХДТ аст, ки соли оянда баргузор мешавад.»

Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон имкони таҳрими маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар дар моҳи ноябри соли 2006-ро аз сӯи ин ҳизб дур намешуморад. Ӯ мегӯяд, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров -раиси дарбанди ин ҳизб шонси пирӯзӣ дар интихоботи ояндаи президентиро дошт, вале мақомот ба маҳзи ҷилавгирӣ аз ширкати як чунин рақиби ҷиддӣ ӯро ба равонаи зиндон карданд. Оқои Валиев гуфт, Қонуни интихоботи раиси ҷумҳур ва ислоҳотеро, ки ҳоло вакилони Маҷлис ба он ворид карданианд, шароити ширкати мусовӣ ба ҳама ташаккулҳои сиёсии кишварро таъмин намекунад ва аз ин рӯ, зарурати ширкат дар як чунин сабқати нобаробар боқӣ намондааст.

«Агар тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии Тоҷикистон дар бораи интихоботи президентӣ доир гардад ва ин қонун боз ҳам манфиати ҳизби ҳукмронро ифода кунад, пас фикр мекунам, ки Ҳизби демократи Тоҷикистон дар интихоботи дар пешистода ширкат накунад ва ин интихоботро бойкот эълом кунад.»

Аммо бо ин вуҷуд, баёнияҳои ахири бархе аз аҳзоби сиёсӣ бозгӯи он аст, ки омодагиҳо ба маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарор аст, моҳи ноябри соли 2006 баргузор шавад, ба таври ғайрирасмӣ оғоз шудааст. Ҳарчанд ҳадс ва гумонҳои коршиносон сари номзадҳои эҳтимолии ин маърака мухталиф аст, аммо ба бовари бештари онҳо, дар ин маърака, ки баъди вуқӯи инқилобҳои лолаӣ дар бархе аз кишварҳои собиқи шӯравӣ баргузор мешавад, имкони рахна дар сатҳи олии мақомот ва ба ҳамин тартиб, ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ низ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG