Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҷаҳонии зидди хушунат дар оила


Дар даҳ моҳи соли ҳолӣ дар Тоҷикистон носозгориҳои зиндагӣ ва хушунати оилавӣ 330 нафарро водор ба худкушӣ кардааст, ки аксари онҳоро занҳои то 30 сола ва 5%-ро мардон ва ноболиғон ташкил медодаанд. Манбаъи ин омор, маркази ҷумҳуриявии рафъи бӯҳрон мегӯяд, маъмултарин воситаи худкушӣ истеъмоли заҳр ва маводи кимиёвӣ мебошад. Бархе дигар худро меовехтаанд ва ё оташ мезадаанд. Дар чанд соли ахир дар феҳраси афроди худкуш исмҳои мардон низ зиёд шудааст. Имрӯз, 25-уми ноябр як иқдоми байналмилалие бо номи 16 - рӯзи бидуни табъиз шурӯъ мешавад ва дар Тоҷикистон ин мавзӯъ дар як конфронси густарда дар шаҳри Душанбе матраҳ мегардад. Бунёди занони СММ (UNIFEM) тадқиқ кардааст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз 70 дар сади занҳои то 30-сола ва 40 дар сади кӯдакон дар хонавода, дар ҷойи кор ва макотиб, дучори хушунат мешаванд. Коршиносон 500 нафарро мавриди пурсиш қарор додаанд ва дар натиҷа рӯшан гаштааст, ки танҳо 5 дар сад аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва шаҳрвандии худ огаҳ мебошад.
XS
SM
MD
LG