Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ҷони ширин хуш аст?


Зебо Қодирова, равоншиноси ин марказ мегӯяд, ин қурбониёни хушунати хонаводагӣ бо роҳҳои мухталиф, аз қабили худсӯзӣ, истеъмоли заҳр ва овехтан, даст ба худкушӣ задаанд, аммо маъмултарин воситае ки аксар занҳо ва ҷавонони ноболиғ бештар интихоб мекунанд, истеъмоли доруҳои кимиёӣ, ба монади кислота ва сирко мебошад.

Хонум Қодирова мегӯяд, дар аксар маворид, онҳое, ки қасд ба ҷони худ кардаанд ва бо кӯмаки пизишкон аз марг наҷот ёфтаанд, аз кардаи худ пушаймон мешаванд, аммо баъзан, ин пушаймонӣ суд надорад, зеро онҳо саломатии худро аз даст додаанд ва бо ранҷу дарди якумрӣ мубтало мебошанд.

Як сокини 25 - солаи ноҳияи Рудакӣ, ки бо хоҳиши ӯ аз овардани номаш худдорӣ мекунем, мегӯяд, ӯро волидон маҷбурӣ дар 16 солагӣ ба шавҳар доданд. Дар хонаи шавҳар ӯ тайи 9 сол, пайваста мавриди лату кӯб ва таҳқирҳои шавҳар ва хешу табори вай қарор доштааст. Мусоҳиби дигари мо мегӯяд, шавҳараш зани дуввум гирифта баҳона овардааст ва мехост ӯро бо 3 кудаки хурдсолаш аз манзил биронад,

Бино ба гуфтаи Зебо Қодирова, духтури равоншиноси маркази маркази ҷумҳуриявии буҳронӣ, солҳои ахир теъдоди мардоне, ки бар асари хушунат, даст ба худкушӣ мезананд, афзудааст. Бештари ин мардонро фақру нодорӣ, муваффақ нашудан дар бизнес ва ба маблағҳои зиёд қарздор шудан, ба худкушӣ водор сохтааст.

Дар ҳамин ҳол, Зӯҳро Муборова, корманди Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон мегӯяд, мутобиқи мушоҳидаҳо солҳои ахир нисбат ба 4-5 соли қабл, донишу огоҳиҳои занҳои тоҷик то андозае боло рафтааст ва занҳои пойтахт ва навоҳии мухталифи кишвар аз хидмати вакилони дифоъи ин марказ зиёд истифода мекунанд.

Ҷомеъашиносон ва коршиносони масоили иҷтимоӣ бар инанд, ки яке аз сабабҳои аслии ба кундӣ коҳиш ёфтани хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон, камтаваҷҷӯҳии ниҳодҳои масъули ҳукуматӣ ба ин мушкили умдаи ҷомеъа мебошад. Ба назари эшон, ба ҷуз чанд созмони байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, дигар ҳеҷ яке аз ниҳодҳои давлатӣ ба таври бояду шояд, дар роҳи аз миён бурдани ин падидаи номатлуб дар ҷомеъа кӯшиш намекунад.

Ба гуфтаи коршиносони масоили иҷтимоӣ, яке аз гурӯҳҳои осебпазири хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон, кӯдакон мебошанд, ки бахши аъзами эшон, дар роҳи гурез аз хушунати хонаводагӣ рӯ ба хиёбон ва бозор овардаанд. Ин хурдсолон зери таҳхона ва даромадгоҳҳои сарду тираи биноҳои шаҳрро аз таҳқиру тазйиқи волидони майзадаву мӯътоди худ авлотар медонанд. Хуршеди 10 - сола мегӯяд, вай падарашро дар ёд надорад. Бо модараш, ки ҷойи кор надорад ва 4 хоҳару бародараш дар манзили дуҳуҷрагӣ зиндагӣ мекард ва ҳамеша аз гуруснагӣ ранҷ мебурд. Хуршедро ранҷу шиканҷаи модар ва бародараш ба кӯча андохтааст. Хуршед бо изҳори сипос аз кормандони маркази кӯдакони бепарастори ба номи Карен Манн мегӯяд, агар ӯро ба ин марказ намеоварданд, шояд аз гуруснагӣ ҷони худро аз даст медод.

Саидамоҳ Нарзуллоева, мураббии маркази кӯдакони бепарастори ба номи Карен Манн мегӯяд, феълан, маркази мазбур ҳудуди 200 кӯдаки бепарасторро, ки бар асари хушунати хонаводагӣ тарки манзил кардаанд, бо таҳсил, шароити зист ва ғизою либоси ройгон таъмин мекунад, аммо теъдоди чунин кӯдакони овора дар Душанбе ва навоҳии атрофи он хеле зиёд аст ва маркази мазбур ба иллати набуди имконот наметавонад, теъдоди бештари чунин кӯдаконро зери сарпарастӣ қарор диҳад.

Вилоят Мирзоева, раиси бунёди занони СММ ё ЮНИФЕМ дар Тоҷикистон, бар ин аст, ки дар роҳи мубориза бо хушунат, бояд аз воситаҳои афзалиятнок кор гирифта шавад, аз қабили дар миёни аҳолии кишвар ҳар чӣ бештар гузаронидани семинарҳо ва бахшҳои омӯзишӣ, нашру дастраси мардум кардани дастуру китобҳо дар ин мавзӯъ.

Мутобиқи таҳқиқоти дафтари минтақавии ЮНИФЕМ дар Тоҷикистон, ҳамасола беш аз 70 дар сади занҳои то 30 сола ва 40 дар сади кӯдакон дар хонавода, дар ҷойи кор ва макотиб, дучори хушунат мешаванд. Коршиносон 500 нафарро мавриди пурсиш қарор додаанд ва дар натиҷа рӯшан гаштааст, ки танҳо 5 дар сад аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва шаҳрвандии худ огаҳ мебошад.
XS
SM
MD
LG