Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздони наврас ва ҳомиёни бузургсоли онҳо


Дар Душанбе аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино як хонандаи мактаби миёнаи шаҳри Кӯлоб бо беш аз 5 килограм шираи кӯкнор, боздошт шуд. Худойназар Асозода сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, акнун тафтишотро лозим аст, ки муайян кунад, чаро хонандаи мактаб дар дарс несту дар Душанбе мегардад ва маводи мухаддирро аз кӣ ва бо кадом мақсад гирифтааст.

Худойназар Асозода мегӯяд, ғолибан ноболиғоне даст ба ҷиноят мезананд, ки ятим ё нимаятиманд ва дар оилаҳои камбизоат ба сар мебаранд: «Духтарҳое, ки дар кӯча ҳастанд, ба фоҳишагӣ ва писарҳо ба дуздиву мошиншуйӣ, испандудкунӣ ва ба монанди ин қонуншиканиҳо аз тарафи калонсолон маҷбур карда мешаванд.»

Коршиносон мегӯянд, бетаҷрибагии наврасон ба ҷинояткорон имкон медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ аз нируйи онҳо истифода кунанд. Мусоҳибони ман духтароне, ки барои рӯспигарӣ боздошт шуда буданд, мегӯянд, нахуст дар бозорҳои шаҳр барои таъмини аҳли оилаашон ба тиҷорат машғул будаанд ва аммо дар натиҷаи шиносоӣ бо сабукпо дар зиндагӣ роҳгум задаанд:

«Ман 15-солаам дар бозор халта мефурӯхтам ва ба хона намерафтам. Як духтрак Зебоча ном дошт ҳамроҳи ӯ мегаштам.»

-Ман ҳам савдо мекардам, ҳамроҳи ҳаминхел духтарҳо шинос шудам. Аввал фикр мекардам, ки онҳо бозӣ мекунанд ва ҳамроҳашон мерафтам ва баъдан одат карда мондам. Як рӯз ду рӯз хона намерафтам ва модарам ҳарчанд ба хона баргардонад ҳам, онҳо маро боз мегурезонданд. Ман намехоҳам, ки кӯдакон дар бозор савдо кунанд балки падар ё модар кор кунад, дар бозор. Чун кӯдаконро шахсони калонсол зиёд фиреб медиҳанд ва ба роҳи бад мебаранд.»

Агар духтарони наврасро занони далла ба фурӯш гузошта, фоида ба даст оранд, писарбачаҳоро гурӯҳи дуздон ба тарбия гирифта, баъдан аз онҳо истифода мекунанд. Олами ин наврасон хеле ваҳшатнок ва дорои қонуну қоидаи вижа ва ҳатто ҷазоҳои сахте будааст.

Яке аз онҳо мегӯяд: «Хонаҳо медаромадем, якхел хонаҳо маҳкам буд, қулфашро мешикастем.»

«Ҷамъ мекарданд маҷлис мекардем, мегуфтем биёед дигар тарафҳои бозори 82 ё "Садбарг" равем. Як кисаи лаънатиро бурида намешавад, маҷбур мекарданд, ки дуздӣ кунем.»

«-Мебардоранд дар замин мезананд, бо калтак мезананд. Бо турбаҳои оҳанин мезананд, (то ки фармонҳояшро иҷро кунем.) »

Бино ба иттилои созмонҳои ҷамъиятӣ дар Душанбе ҳудуди 2000 кӯдаки хиёбонӣ дар шароити барои ҳаёт хатарнок ба сар мебаранд. Маъмулан гурӯҳҳои ҷинояткор кӯшиш мекунанд, аз хизмати чунин наврасон истифода баранд.
XS
SM
MD
LG