Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафи тобутҳои филизӣ


Дар арафаи нишасти байнулмилалии марбут ба масъалаҳои муҳоҷират рӯзи 24-уми ноябр дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав мулоқоти ҳайъати ҳукуматии Тоҷикистон ва намояндагони муҳоҷирони тоҷик дар Русия баргузор шуд. Дар ин нишаст зикр гардид, ки ҳарчанд ҳаҷми ҳиҷрати нирӯи кори Тоҷикистон ба Русия кам нашудааст, вазъи ҳуқуқии онҳо шадидан бадтар мешавад. Намояндаи сафорати Тоҷикистон хабар дод, ки ҳар ҳафта то 10 ҷасади муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Корманди дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Элмурод Турсунов дар ин мулоқот гуфт, раҳбарияти кишвар аз ин вазъият огоҳ аст ва дар ҳоли ҳозир ягона роҳи мусоидат ба тағйири он ташкили як иттиҳодияи ягонаи ҷамъиятии муҳоҷирони тоҷик аст, ки дар сартосари Русия амал кунад ва муҳоҷиронро муттаҳид созад. Пагоҳ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар анҷумани байнулмилалӣ дар Маскав бо ширкати намояндагони Русия, Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ва бархе аз давлатҳои Ғарб баррасӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG