Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин дар Тоҷикистон корхона месозад?


Вазорати саноати Тоҷикистон барои таҷдиди корхонаи тавлиди трансформаторҳо ва бунёди ҳамин гуна корхона дар шаҳри Қӯрғонтеппа як нақшаи тиҷоратӣ баробар ба 70 миллион доллар ба ширкати «Твел»-и Чин пешниҳод кардааст. Абдурауф Ҷӯраев, ёвари вазири саноати Тоҷикистон гуфт, интизор меравад, лоиҳаи мазкур дар рӯзҳои наздик аз сӯи масъулони ин ширкат тасдиқ шавад. Дар ҳамин ҳол, Қудратуллоҳ Олимов, муовини раиси палатаи савдо ва саноати Хатлон мегӯяд, мутахассисони чиноӣ чанд рӯз пеш вориди Тоҷикистон шуда ва аз корхонаи мазкур дидан кардаанд. Аммо дар ҳоли ҳозир ширкати чиноӣ ба пешниҳод расман посух надодааст. Ин дар ҳолест, ки Чин тасмим гирифтааст, бо маблағгузорӣ ҷиҳати тармими гирдроагрегатҳои нирӯгоҳи барқи обии Норак дар таҷдиди он ширкат кунад. Қаблан вазорати энержии Тоҷикистон гуфта буд, ки миёни Тоҷикистону Чин созишномаи ҳамкорӣ дар бозсозии нирӯгоҳи Қайроққум, бунёди хатти барқи баландшиддати Ҷануб-Шимол ба имзо расидааст, ки танҳо лоиҳаи таҷдиди хатти барқи Ҷануб- Шимол 120 миллион доллар харҷ дорад. Аммо сармоягузории Чин ба корхонаи тавлидоти трансформаторҳои Қӯрғонтеппа метавонад идомаи сармогузории он ба соҳаи энержии Тоҷикистон бошад. Дар ин корхона трансформаторҳои 100, 150, 400 ва 630 киловаттӣ истеҳсол ва тармим мешавад. Пас аз навсозхӣ корхонаи мазкур имкони тавлиди трансформаторҳои иқтидорашон 1000 киловаттро пайдо мекунад, ки Тоҷикистон феълан ба чунин дастгоҳҳои муқтадир ниёз дорад.
Барот Юсуфӣ
XS
SM
MD
LG