Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дин ва миллат


Сиёсатшиносон аз Иёлоти Муттаҳида Амрико, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон 23-юми ноябр дар Душанбе таносуби манфиатҳои динӣ ва миллӣ дар Осиёи Марказиро мавриди баҳс қарор доданд. Ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолиоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон нишасти мазкур бо ташаббуси бунёди Олмонии Фридрих Эберт баргузор шуда, масъалаи асосӣ ин буд, ки дар Осиёи Марказӣ манфиатҳои динӣ ва миллӣ ба ҳам бар намехӯранд, то кадом дараҷа онҳо бо ҳам мувофиқат доранд ва оё метавонад онҳо минбаъд барои сулҳу суббот дар минтақа мусоидат кунанд.
Ҷаноби Сафаров афзуд дар ин нишаст муҳаққиқон натоиҷи тадқиқоти худ дар мавриди бархӯрди манфиатҳои динӣ ва миллӣ дар миёни сокинони минтақа ва кишварҳои ҳаммарзро муаррифӣ карданд.
Ба гуфтаи ӯ, аз натиҷаҳои тадқиқоти муҳаққиқони соҳа бармеояд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаҳои марбут ба масоили динӣ ва миллӣ комилан ба ҳам мутобиқ нестанд:
Мушкилоти асосӣ он аст, ки тафаккури диндорон ва ба тафаккури муосири дунявият мувофиқат намекунад, вале ҳадафи миллии мо бошад мувофиқат мекунад. Аз ин рӯ пешниҳод шуд, ки дар атрофи фарҳанг ва барномаҳои миллӣ мо муттаҳид гардем ва дини худро ба сифати як қисми фарҳанги волои худ эҳтиром кунем.
Аммо дар баҳсҳои нишасти мазкур бархе аз ширкаткунандагон пешниҳод кардаанд, ки барои баҳамоии манофеи милӣ ва динӣ бояд дин модерн, яъне ба замон мутобиқ шавад. Вале чунин ақида пуштибонӣ нашудааст. Зеро ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, дар муқобили ин ақида муҳаққиқон пешниҳод кардаанд, ки бояд тафаккури динии мардум дигаргуна шавад, онҳо аз хурофот даст бардоранд ва аз ҷанбаҳоии илмии дин кор бигиранд
XS
SM
MD
LG