Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистон


Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, тайи соли равон қарзҳои берунаи ин кишвар ҳудуди 47 миллион доллари амрикоӣ афзудааст. Дар аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи Тоҷикистон дар назди кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои молиявии ҷаҳон 871 миллион долларро ташкил медод, аммо феълан ин рақам ба 918 миллиону 430 ҳазор $ баробар шудааст. Лариса Сариева, сардори департаменти қарзҳои берунаи вазорати молияи Тоҷикистон дар ин робита ба радиои Озодӣ гуфт, сабаби афзоиш ёфтани ҳаҷми қарзи хориҷӣ ин аст, ки имсол Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва бонкҳои молиявӣ беш аз 90 миллион доллари амрикоӣ қарзи боимтиёз гирифтааст, аммо ҳудуди 40 миллионашро бозпас гардонидааст.

Муфассалтар дар ин бора
XS
SM
MD
LG