Пайвандҳои дастрасӣ

Осиё - 2006 дар Душанбе оғоз ёфт


Осиё - 2006: Ҷавонони то 20 - сола. Рӯзи чоршанбеи 23 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё - 2006 миёни футболбозони синни то 20-сола дар гурӯҳи «Е» оғоз шуд. Нахуст дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбакистон ва Покистон рақобат карданд. Ин бозӣ бо пирӯзии дастаи Узбакистон бо натиҷаи 3 бар 0 хотима ёфт. Дар даври дуввуми мусобиқот рӯзи ҷумъаи 25 ноябр дастаи мизбон - мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими Покистон зӯрозмоӣ мекунад. Бозии даври охирини ин гурӯҳ рӯзи якшанбеи 27 ноябр миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор мешавад. Тибқи низомномаи мусобиқот 39 дастаи мунтахаби ҷавонони қораи Осиё ба чаҳордаҳ гурӯҳ тақсим шудаанд. Дастаҳои ғолиби гурӯҳҳо барои ширкат дар давраи ниҳоии мусобиқот роҳ меёбанд.

Ҳамчунин, рӯзи 23 ноябр дар шаҳри Душанбе дуввумин мусобиқаи дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти Ҷоми хотираи Арнолд Тер-Казарян, мураббии варзидаи Тоҷикистон шурӯъ шуд. Алимуҳаммад Мирзоев, раиси кумитаи варзиши шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Арнолд Тер-Казарян солиёни дароз ба ҳайси мудири кафедраи футболи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ифои вазифа карда, шогирдони зиёде ба камол расондааст. Вай афзуд, дар мусобиқа ҳашт даста аз пойтахти кишвар ва шаҳри Ваҳдат барои дарёфти Ҷоми хотираи Арнолд Тер-Казарян мубориза мебаранд. Мусобиқа дар ду гурӯҳ сурат гирифта, баъдан чаҳор тими беҳтарин ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаи ғолиб 27 ноябр дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG