Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳот дар ду қонуни дигар


Дар иҷлоси навбатии порлумон вакилони маҷлис ба ду қонун - яке қонун дар бораи иттиллот ва дуввумӣ қонун дар бораи табъу нашр ислоҳот ворид карданд. Бар асоси ислоҳоти ворида ба қонуни табъу нашр, минбаъд ноширин ва масъулини куллия маводи чопӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он муваззафанд, як нусха аз маҷалла, рӯзнома, китоб ва ғайраро қабл аз тавзеъ ва паҳн кардан ба дастраси ниҳодҳои зирабти давлат қарор диҳанд. Олим Салимзода - муовини раиси кумитаи маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки сабаби тағйироти ворида ба қонуни табъу нашрро ба вакилон шарҳ медод, гуфт, тибқи қонун ҳукумат феҳраси ниҳодҳои давлатии нозир, ки бояд нусхаи маводи чопиро пеш аз паҳн шудан ҳатман дар даст дошта бошанд, муқаррар хоҳад кард. Аммо ҷаноби Салимзода аз ин ниҳодҳо ном набурд. Ҳарчанд ин ислоҳот аз сӯи вакилон пазируфта шуд, аммо Муҳиддин Кабирӣ - вакили Маҷлиси Намoяндагон аз ҲНИТ ба ҳангоми баррасии он гуфт, ворид кардани ислоҳоти мазкур барои ноширин мушкилӣ пеш меорад. Ӯ гуфт, ба манзури ҷилавгирӣ аз сӯиистифода накардан аз ин меъёри ҳуқуқӣ бояд исми ниҳодҳои давлатии нозир мушаххас бишавад. Зеро на ҳама вақт ношир ва масъули маводи чопӣ имкон дорад, ки барои идороти мухталифи давлатӣ як нусха аз маҳсулоти худро бифиристад. Ба ҳамин тартиб, бар асоси ислоҳоти ворида ба қонун дар бораи иттилоот акнун барои дарёфти муҷаввиз ё лисензия хулоса ё тавсиаи вазорати фарҳанги кишвар зарур нахоҳад буд. Зеро минбаъд танҳо вазорати адлия ва идороти зери назорати ин ниҳод дар кишвар ҳама масоили марбут ба сабти ном ва додани муҷаввиз барои нашрияҳои чопиро дар ихтиёр доранд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG