Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фурӯши чипта бо шиносномаи дохилӣ


Аммо Игор Сатторов - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, онҳо мутмаин нестанд, ки ин муқаррароти ҷадид дар дарозмуддат низ иҷро бишавад ва ба манзури ҷилавгирӣ аз рух додани мушкилоти тоза барои муҳоҷирини тоҷик фурӯши чиптаро танҳо бо шиносномаи хориҷӣ афзалтар меҳисобанд.

«Бо назардошти муваққатӣ будани замони иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар мавриди муқаррароти нави равуои атбои ҳарду кишвар ва ҳамзамон бархӯрди ноустувор ба он дар Думои Давлатии Русия, вазорати умури хориҷа ба ширкати ҳавоӣ дастур дод, ки танҳо бо шиносномаи хориҷӣ чипта фурӯхта шавад.»

Яке дигар аз далоили чунин тасмими вазорати хориҷа ин будааст, ки бештари шаҳрвандони тоҷик бо роҳи заминӣ ва бо истифода аз қатор ба Русия мусофират мекунанд ва кишварҳои ҳамсоя убури тронзитиро фақат бо шиносномаи хориҷӣ рухсат додаанд.

Аммо ба эътиқоди бархе аз коршиносони тоҷик иллати тасмими вазорати умури хориҷа дар чоп ва нашри барзиёди гузарномаи хориҷӣ аз сӯи ниҳодҳои зирабти давлат будааст, ки бо роҳандозии шароити равуо бо шиносномаи хориҷӣ фурӯши он коҳиш меёбад.

Бар асоси маълумоти манобеи давлатӣ то кунун 400.000 шаҳрванди тоҷик муваффақ ба дарёфти шиносномаи хориҷӣ шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки теъдоди муҳоҷирини тоҷикро дар қаламрави Русия ва Қазоқистон масъулини давлатӣ чизе бештар аз ин рақам баровард мекунанд вале созмонҳои ғайридавлатӣ ва коршиносони байналмилалӣ ин рақамро бештар аз як миллион мегӯянд.

Ҳоло бо мувофақаи Тоҷикистон ва Русия дар шаш шаҳри бузурги ин кишвар- Маскав, Санк Петурбург, Екатеринбург, Волгоград, Новосибирк ва Иркутск шӯъбаҳои таҳия ва тавзеъи шиносномаи хориҷии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар ифтитоҳ шуда ва аз моҳи сентябри соли равон ба фаъолият шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG