Пайвандҳои дастрасӣ

Обуҳавосанҷӣ мегӯяд: Анзобро бандед!


Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба вазорати нақлиёти кишвар пешниҳод кардааст, то ба сабаби фуруди тарма ва бориши зиёди барф дар ағбаҳои Анзоб ва Хобуробод, ин ҷодаҳо баста шавад. Ҷамила Байдуллоева, масъули бахши ҳавошиносии ин оҷонсӣ бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз 16-уми ноябр ин пешниҳоди оҷонсӣ сурат гирифтааст, аммо бо ин вуҷуд вазорати нақлиёт то ҳол ағбаи Анзобро расман набастааст. Хонум Байдуллоева гуфт, вазъ дар ағбаи Анзоб, 80-километрии пойтахти Тоҷикистон ниҳоят нигаронкунанда аст ва истифода аз он барои шаҳрвандон хавфи зиёд дорад. Ӯ гуфт, дар ағбаи Анзоб аллакай 40 сантиметр барф боридааст ва шамолҳои сахт боз як қатор барфи дигар ба ин ағба оварда мерасонад. Дар ин ағба хавфи фаромадани тарма ҳатто дар рӯзҳои офтобӣ ва камабр ҳаст ва эҳтимол барфи кӯҳна об шуда, ба фаромадани тармаҳои нав боис мегардад. Хонум Байдуллоева гуфт, тибқи пешгӯиҳо дар рӯзҳои наздик, аниқтараш рӯҳзои 24, 25 ва 26 ноябр, боз боридани барф дар ин маҳалҳо дар назар аст, яъне боз ҳам имкон дорад тарма фурояд, ки ин метавонад боиси сар задани як қатор ҳолатҳои фавқулодда гардад.
Ва аммо Далер Ҷӯраев, мутахассиси пешбари Департаменти хоҷагии роҳи вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, феълан вазъ дар ағбаи Анзоб, ки пайвандгари пойтахти Тоҷикистон бо шимоли ин кишвар аст, мӯътадил арзёбӣ мешавад ва тайи чанд рӯзи дигар имкон дорад, ки ин роҳ мавриди истифода қарор бигирад. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар ағбаи Анзоб барфҳое боридааст, ки механизмҳои роҳсозӣ қудрати тоза кардан доранд ва ин роҳҳо тоза карда шуда истодаанд. Ҳамон вақте ки барфҳои зиёде боранду онро дигар бо механизмҳои роҳсозӣ тоза карда нашавад, як комиссияи ҳукуматӣ ташкил мешавад ва ин ағба ба таври расмӣ баста мешавад.
Вале ба гуфтаи оқои Ҷӯраев, ҳамакнун роҳи ағбаи Хобуробод, ки шаҳри Душанберо бо Бадахшон васл мекунад, ба таври расмӣ баста эълом шудааст. Вай гуфт, сабаби манъи истифодаи ин роҳ бориши беисти барф ва фуруди тарма аст, ки ҳаракати нақлиётро хатарзо кардааст. Ӯ гуфт, баландии тӯдаи барф дар ин мавзеъ ҳудуди 80 сантиметрро ташкил дода, тоза кардани роҳ аз он берун аз имкон будааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG