Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Э. Раҳмонов бо сафири Русия


Танзими равобити Русия бо Ӯзбакистон дар ҳеҷ сурат боиси коста шудани муносиботи ин кишвар бо Тоҷикистон нахоҳад шуд .
Ин нуктаро Рамазон Абдулатифов -сафири Русия дар Тоҷикистон баъд аз дидори худ бо Эмомалӣ Раҳмонов -райиси ҷумҳурии ин кишвар ба хабарнигорон, ки аз ӯ илали нигарониҳои мақомоти Ӯзбакистон дар робита ба бархе аз тарҳҳои муштараки Тоҷикистон ва Русия дар заминаи энержиро ҷӯё шуданд, зикр кард.

Ӯ мегӯяд «Ҳеҷ кас бояд асабӣ нашавад . Он тавофуқотеро, ки ҳамакнун бо Ӯзбакистон мо ҳосил кардаем бо Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 1999 ба даст омада буд. Ба ҷуз аз ин равобити мо бо Тоҷикистон собиқаи тӯлонӣ дорад. Ва барои дар ин сатҳи ҳамкорӣ ворид шудан боястӣ мароҳили гуногуне пушти сар шавад. Ва танзим ва тавсияи равобити Русия бо Ӯзбакистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба муносибатҳо ва ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ихтилол ворид намесозад. Аз сӯи дигар роҳандозии равобит бо Ӯзбакистон ва узвияти ин кишвар ба Ҷомиаи иқтисодии Авро Осиё имкони ҳалли масоили марзӣ ва нақлиётро миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон бештар мекунад.»
Рамазон Абдулатифов- сафири Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин аз тасмими иваз кардани роҳбарияти ниругоҳи Сангтӯда- 1 дар пайи як санҷиши фаъолияти онҳо аз сӯи коршиносони муҷтамаи воҳиди шабакаҳои барқи Русия маъруф ба РАО ЕЭС, ки сармоягузори асосии сохтмони ин ниругоҳ аст, иттилоъ дод. Оқои Абдулатифов илали барканории масъулини ниругоҳи Сангтӯдаро дар камфаъолиятӣ ва таъхир бо амри иҷрои тарҳҳои эҳдоси ин ниругоҳ марбут донист. Вай афзуд, ки ҳукумати Русия ва ширкати РАО ЕЭС- и ин кишвар ба унвони сармоягузори асосии ин ниругоҳ аз чунин тарзи корбарӣ қаноатманд нестанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Русия маблағи кофӣ барои анҷоми ҳарчи зудтари корҳои сохтмонӣ дар Сангтударо аз буҷаи давлатӣ ҷудо кардааст.
Рамазон Абдулатипов - сафири Русия дар Тоҷикистон дар робита ба вазъи муҳоҷирини тоҷик дар қаламрави ин кишвар гуфт, ҳоло як маъракаи таблиғотӣ нисбат ба ҳузури муҳоҷирин ва аз ҷумла тоҷикон дар Русия доман зада мешавад. Вале, афзуд ӯ, бидуни афзоиши шумори муҳоҷирини корӣ наметавон мизони рушди иқтисод дар Русия дар даҳ соли минбаъдаро дар сатҳе, ки ҳамакнун ба даст овардааст, нигаҳ дошт. Аз ин хотир ҳукумат талош дорад, ки шароити қонунии зиндагӣ ва фаъолиятро ба муҳоҷирин таъмин кунад.

Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG