Пайвандҳои дастрасӣ

Нодираҳои роҳи абрешим


Барои нахустин бор дар шаҳри Душанбе як намоишгоҳи фурӯши асарҳои ҳунармандони мардумии Тоҷикистон бо номи «Роҳи абрешим» ифтитоҳ ёфт. Зулфия Имматова, мудири ин намоишгоҳ гуфт, дар намоишгоҳи «Роҳи абрешим» беш аз 70 навъи армуғон, ба мисли сару либоси миллӣ, кӯзаву намад, корду нигора ва асарҳои тасвирӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст. Вай мегӯяд, маҳсули эҷоди ҳунармандоне, ки дар ин намоишгоҳ ҷой дода шудааст, дар маҷмӯъ зиёда аз 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад:

Мо ба болои нархи асарҳо фоизи зиёд намемонем. Масалан, чизе ки мо ба ивази 20 сомонӣ аз худи ҳунармандон харидорӣ кунем, онро ба 22 сомонӣ мефурӯшем. Арзонтарин нигора ё сувенири мо аз як сомонӣ сар мешавад. Ин ҳамон пиёлаҳои хокии мо аст. Аммо гаронтаринаш ин ҳамон кандакориҳое мебошанд, ки аз 1200 то 1500 сомонӣ қимат доранд.

Хонум Имматова афзуд, аммо нақшу нигоре, ки таърихи беш аз садсола доранд, ба қимати гаронтар фурӯхта мешаванд. Ба гуфтаи вай, то ҳоли ҳозир ҳудуди 400 нафар аз ин намоишгоҳ дидан карданд, ки бештари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Ва аммо харидорон мегӯянд, нархи нигораҳо ва армуғон дар намоишгоҳи «Роҳи абрешим» хеле гарон аст ва на ҳама имкони харидории онро дорад:


Барои мо тоҷикон бо ин маоше, ки дорем, хеле душвор аст харидории ин асарҳо. Ин нархгузорӣ шояд барои хориҷиён мувофиқ бошад. Барои мо хеле қимат.

Суръат Тӯмастов, суратгири тоҷик, ки асарҳои худро дар ин намоишгоҳ ба фурӯш гузоштааст, гуфт, ҳадафи ӯ манзури ҷаҳониён гардонидани табиати зебои Тоҷикистон мебошад:


Ин аксҳое, ки ман гирифтаам, ҳар яке таърихи хос доранд. Барои ҳар яки ин аксҳо ман хеле сайругашт кардам, кӯҳҳои бисёрро тай кардам. Ба фикри ман, ҳамон меҳнате, ки анҷом дода шудааст, яъне асарҳои ман аз 30 то 100 доллари амрикоӣ нарх доранд.

Дар ҳамин ҳол Зулфия Имматова, мудири намоишгоҳи «Роҳи абрешим» мегӯяд, тибқи барномаи намоишгоҳ, дар назар аст, ки як сайти интернетӣ бо номи «Роҳи абрешим» таъсис дода шавад, то ин ки асарҳои ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла ҳунари мардумии ин кишвар бештар таблиғ ва ташвиқ гардад. Ҳамзамон тақозои харидорон низ аз тариқи Интернет дар кӯтоҳтарин фурсат амалӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG