Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон - дар гурӯҳи «D»


Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати AFC бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард. Тибқи қуръакашӣ ин чаҳор даста ба гурӯҳи «D» дохил шуданд. Гурӯҳҳои дигар чунин аст:
«А» -- Ҳиндустон, Тайван, Филиппин ва Афғонистон
«В» -- Непал, Шри-Ланка, Бутан ва Бруней
«С» -- Бангладеш, Фаластин, Камбоҷа ва Гуам.
Мусобиқот бо ширкати дастаҳои мунтахаби кишварҳое, ки ба гурӯҳи «зуҳурёфта» дохиланд, аз 25 март то 9 апрели соли 2006 баргузор мешавад. Макони баргузории бозиҳои гурӯҳҳои «А» ва «В» -- Непал ва гурӯҳҳои «С» ва «D» -- Бангладеш интихоб шудаанд. Тақвими бозиҳоро AFC дар муҳлати кӯтоҳтарин тартиб хоҳад дод.

Ҷоми иттиҳод - 2006

Дастаи «Вахш» - и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2005 дар Ҷоми қаҳрамонҳои Иттиҳод, ки аз 13 то 23 январи соли 2006 дар маҷмааи варзишии «Олимпийский» ва қасри варзиши «Динамо» - и шаҳри Маскав доир мешавад, ширкат хоҳад кард. Ҳамчунин дар ин мусобиқот, ки чордаҳумин бор баргузор хоҳад шуд, аз минтақаи Осиёи Марказӣ боз се дастаи қаҳрамони ин кишварҳо - «Пахтакор»-и Узбакистон, «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва МТТУ-и Туркманистон рақобат мекунанд. Мусобиқоти навбатӣ ба шакли пешин сурат мегирад: 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешаванд ва баъди ҷамъбасти бозиҳо дар гурӯҳҳо ду дастаи беҳтарини ҳар як гурӯҳ барои ширкат дар давраи дуввуми мусобиқот роҳ меёбанд. Ин дафъа дастаҳои қаҳрамони Русия ва Украина аз имтиёз маҳрум шуда, на аз бозиҳои нимниҳоӣ, балки аз марҳалаи аввал, яъне аз сабқати гурӯҳӣ ба рақобат шурӯъ мекунанд.

Бозиҳои интихобӣ - дар Душанбе

Рӯзи чоршанбеи 23 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё - 2006 миёни футболбозони синнашон то 20-сола оғоз мешавад. Нахуст дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбакистон ва Покистон рақобат мекунанд. Дар даври дуввуми гурӯҳи «Е» 25 ноябр дастаи мизбон - мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими Покистон қувва меозмояд. Бозии даври охирини ин гурӯҳ 27 ноябр миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG