Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои дӯстии кӯдакони Эрону Тоҷикистон


Рӯзи сешанбеи 22 ноябр дар Кохи ваҳдати шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои дӯстии кӯдакони Эрону Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
«Рӯзҳои дӯстии атфоли ду кишвари ҳамзабон» бо ташаббуси сафорати Эрон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Ройзании фарҳангии Эрон, Конуни парвариши зеҳни кӯдаку навраси Эрон ва Созмони фарҳангии иртиботи исломии Эрон баргузор гардида, се рӯз давом мекунад.
Дар ин се рӯз кӯдакону наврасони тоҷикистонӣ имкон доранд, ки аз беҳтарин дастовардҳои ҳамсолони иронии худ дар самти нашри кутуб, аккосӣ, тасвиргарӣ, кулолӣ, арӯсаксозӣ, ва синамо баҳравар гарданд.
Қаҳрамони Сулаймонӣ- раиси Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, «ин барои нахустин бор аст, ки ҷониби Эрону Тоҷикистон аз ҳамингуна як чорабинӣ барои таҳкими дӯстии кӯдакони ҳар ду кишвар кор гирифтаанд»
Дар Кохи ваҳдати Душанбе ҳамакнун беш аз 200 асари мусаввирони навраси иронӣ, беш аз 700 китоб барои кӯдак, маҷаллаву рӯзномаҳо барои наврасон ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Ҷониби Эрон барои кӯдакони тоҷик коргоҳҳои сафолгарӣ( кулолӣ), коғазсозӣ, наққошӣ, арӯсаксозиро пешкаш мекунад. Ҳамзамон рӯзе ду бор филмҳои ҳунарии барои кӯдак ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Дар намоишгоҳ бозиҳои саргармӣ барои кӯдакон, ва саҳнаҳо аз театри лӯхтаки Ирон низ роҳандозӣ мешаванд.
Ҷониби Тоҷикистон ба намошигоҳ 50 китоб, тоблуи нигораҳои мусаввирони наврас ва саҳнаҳо аз тетари лӯхтакро пешкаш кардааст.

Саёфи Мизроб
XS
SM
MD
LG