Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медали биринҷии Шералӣ Достиев


Вай дар рақобатҳо дар вазни то 48 кило бар ҳарифони худ -- Му Вон Хон (Ҷумҳурии Корея, аз рӯи холҳо бо натиҷаи 29:13) ва Майенгбама Сираноя Сингха (Ҳиндустон, 21:15) дастболо шуда, ба бозии нимниҳоӣ роҳ ёфт. Вале аз муштзани Чин, Жу Ши Мин бо натиҷаи 13 бар 18 мағлуб гашта, мақоми севумро ба даст овард.

Ба ин тартиб, аз ҳашт нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон танҳо Шералӣ Достиев соҳиби медал шуд. Ёдовар мешавем, ки ин дувумин медали ба даст овардаи намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон маҳсуб мешавад. Муштзани тоҷик Абдусалом Ҳасанов низ соли 2003 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Тайланд дар вазни то 57 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашта буд.

Шералӣ Достиев 12-уми январи соли 1985 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Даҳ сол инҷониб ба бокс шуғл меварзад. Дастовардҳои назарраси ӯ аслан ба се соли охир марбут аст. Шералӣ Достиев моҳи октябри соли 2003 дар панҷумин Бозиҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе дар рақобатҳои зӯртарин муштзанҳои минтақа муваффақ ба дарёфти медали тилло ва унвони қаҳрамони ин бозиҳо гаштааст.

-- Барои ман, мегӯяд Шералӣ Достиев, ҳамчунин ширкат дар мусобиқоти интихобии олимпӣ,ки моҳи марти соли 2004 дар шаҳри Гуанҷоуи Чин сурат гирифт, фаромӯшнопазир аст. Дар дувумин мусобиқоти интихобии олимпӣ ба ман муяссар шуд, ки ғолиб гашта, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Афина шавам. Ман бар муштзанҳои Қирғизистон,Ҳиндустон ва Ҷопон дастболо шуда, дар сабқати ниҳоӣ ҳарифи аслиам - Субан Панон - варзишгари Тайландро мағлуб кардам.

Шералӣ Достиев, ҳамчунин порсол дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти ҷоиза ба хотираи Исмоил Ҳамзаалиев, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Хуҷанд дар рақобатҳо дар вазни худ соҳиби мақоми аввал гаштааст.

Воқиан, боз як муштзани тоҷик -- Рустамхоҷа Раҳимов, ки дар айни ҳол узви дастаи мунтахаби Олмон аст, дар сенздаҳумин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Чин дар рақобати ниҳоӣ дар вазни то 54 кило аз муштзани Куба Гилермо Ригондо Ортис аз рӯи холҳо бо натиҷаи 9 бар 19 мағлуб гашт ва бо медали нуқра мукофотонида шуд. Вале муштзани дигари тоҷик -- Рустам Саидов, ки тӯли чанд соли охир узви дастаи мунтахаби Узбакистон аст, дар севумин дидори худ дар вазни беш аз 91 кило ба Роман Романчук аз Русия бинобар бартарии комили ҳарифаш мағлуб гашт.

Қаҳрамонҳои нави ҷаҳон инҳоанд: Жу Ши Мин ( то 48 кг, Чин), Ок Сун Ли ( то 51 кг, Корея), Гилермо Ригондо Ортис ( то 54 кг, Куба), Алексей Тишенко ( то 57 кг, Русия), Иорданис Угас Эрнандес ( то 60 кило, Куба), Серик Сапиев ( то 64 кг, Қазоқистон), Эрисланди Лара Сантойя ( то 69 кг, Куба), Матвей Коробов ( то 75 кг, Русия), Ердос Ҷанабергенов ( то 81 кг, Қазоқистон), Александр Алексеев ( то 91 кг, Русия) ва Одланер Солис Фонте ( беш аз 91 кг,Куба).
XS
SM
MD
LG