Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши телевизион дар ҷаҳони имрӯз


Бисту якуми ноябр бори нуҳӯм ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯзи байналмилалии телевизионро ҷашн мегирад, ки ҳадаф аз он ташвиқу тарғиби табодули барномаҳои телевизионӣ бахшида ба сулҳу амният, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳанги кишварҳои мухталифи саросари олам мебошад. Ин масъала ба таври ҷиддӣ 21 ноябри соли 1996 дар Аввалин Анҷумани Ҷаҳонии Телевизион дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид матраҳ шуда буд.

Имрӯз шабакаҳои ҷаҳонии телевизион ба дуртарин минтақаҳои олам дастрасӣ пайдо карда, имкон дорад, ки бо истифода аз таҷҳизоти моҳвораӣ ва интернет мардуми саросари оламро аз рӯйдоде дар ҳар канори дунё огаҳ намояд. Ҳадафи СММ танзими ба истилоҳ "ҷомеаи иттилоотии воҳид" асту телевизион дар татбиқи ин орзу воситаи нерӯмандтарин ба шумор меравад.

Ба қавли дабири кулли СММ Кофӣ Аннан телевизион метавонад, нерӯи азими накӯкорӣ бошад. Он имкон медиҳад, ки мо аз ҳоли ҳамсояҳои дуру наздик огаҳ шавему дар масъалаҳои мухталифи ҷаҳонӣ фаҳмиши муштарак ва таҳаммул пайдо кунем.

Дар ҳақиқат мушоҳидаи як нашри хабарии шабакаҳои ҷаҳонии телевизион кофист, ки бинанда ҳам аз паёми Эмомалӣ Раҳмонов ба ширкаткунандагони Анҷумани Ҷаҳонии Шабакаи иттилоотӣ дар Тунис хабардор шаваду ҳам аз тафсилоти сафари Кофӣ Аннон ба шаҳри Музаффаробод ва вазъи мардуми офатзадаи Покистон огаҳӣ пайдо кунад.

Албатта ба ҳамин шакл телевизион ва ҳатто як гузориш метавонад, ба нерӯи барангезандаи ихтилофу иғво низ табдил ёбад.
СММ бар ин ақидааст, ки дар ҳоли ҳозир хабарнигории пешгирикунанда аҳамияти рӯзафзун касб мекунад. Гузориши саривақтӣ дар бораи як низоъи эҳтимолӣ имкон медиҳад, ки аз қурбониҳои зиёд ҷилавгирӣ ба амал меояд. Дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон аввалин барномаи телевизиони Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 нашр шудааст.

Гӯяндаҳо Рафоат Абдусаломова ва Валентина Исаева нашри хабарҳоро қироат карданду дар паи он филми бадеии "Чароғе дар кӯҳсор" пахш шуд. Акбар Ҷӯраев режисер ва таҳиягари аввалин барнома он рӯзро дар китобе бахшида таърихи телевизиони Тоҷикистон ёддошт кардааст.


Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Акбар Ҷӯраев дар ин бора чунин гуфт:

"Бегоҳии 3 октябри соли 1959 соати шаши вақти маҳаллӣ аввалин барномаи телевизиони тоҷик пахш шуд. Таҳиягар ва муаллифи он ман будам. Он ҷо тахминан 20 дақиқа дар бораи Тоҷикистон, иқтисод, илму фарҳанги ин ҷумҳурӣ филми умумӣ пахш шуд. дар байни ин барнома ахбор тақдим шуд. Ахбор ба забони тоҷикиву русӣ аз панҷ то даҳ дақиқаро ташкил медод.

Баъд аз он як контсерти хурд пешниҳод шуд. Дар паи он филми истеҳсоли киностудияи "Тоҷикфилм" бо номи "Чароғе дар кӯҳсор" намоиш дода шуд. Ин аввалин филми бадеии истеҳсоли Тоҷикистон буд, ки дар телевизион пешкаш гардид, ки ба ҳаёти ҷавонони ҷумҳурӣ бахшида шуда буд. Як чизи дигарро хотирнишон карданиам, ки дар ин филм ман нақши асосиро бозидаам. Дар филм мутахассиси обусанҷ Мирсаид ба кӯҳсор ба назди коргарони ҳамин соҳа рафта, дар он ҷо вақт ва масири селро муайян мекунад. Дар натиҷа сокинони мавзеъҳои зери хатар ба ҷои амн кӯчонида мешаванд. Боз як чизро илова карданиам, ки он замон ҳанӯз таҷҳизоти сабти видео вуҷуд надошт ва аксари барнома зинда пахш мешуданд."


Ба гуфти Акбар Ҷӯраев, дар солҳои шасту панҷ шасту шаши асри гузашта телевизион тоҷик ба таҷҳизоти сабт дастрасӣ пайдо кард ва аз он замон ба баъд телевизиони тоҷик ба тавлиди филм имкон ёфт.
XS
SM
MD
LG