Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи косиби тоҷик дар Алмаато


Шонаҳои тарошидаи устои истаравшанӣ Икромҷон Ғафуров дар Алмаато дар намоишгоҳи навбатии санъати дастии ҳунармандони кишварҳои Осиёи Марказӣ "нишони сифат" гирифт. Ба гуфтаи Гулмира Кутуева, яке аз масъулини намоишгоҳ, озмуни "нишони сифат"-и UNESCO муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, дар озмун ин навбат аз Осиёи Марказӣ 42 косиб ширкат карданд ва аз онҳо 18 нафар арзандаи нишони байналмилалии сифат шуданд. Хонум Кутуева гуфт, шонаҳои аз чӯби чормағз, зардолу, тут ва себ таҳиякардаи Икромҷон Ғафуров бо нозукиву зебоиашон ба доварон писанд омаданд.

Вале ҳамсӯҳбати мо изҳори таасуф намуд, ки ҳарчанд дар намоишгоҳи навбатӣ беш аз 130 нафар ҳунармандони минтақа ширкат карданд, аммо байни онҳо намояндагони Тоҷикистону Туркманистон набуданд. Худи устои истаравшанӣ низ офаридаҳои худро пештар ба намоишгоҳ фиристода, вале худаш ҳозир нашуд.

Ба гуфтаи хонум Кутуева шояд дурии роҳ ва мушкилоти иқтисодӣ имкон надод, ки ин дафъа ҳунармандони ду кишвар санъати дастии хешро ба харидорони Алмаато пешкаш намоянд.

Чун солҳои қаблӣ имсол низ дар намоишгоҳ ҳунармандони бухороӣ фаъолона ширкат карданд. Ҷамолиддин кандакори бухороӣ, ки табақи тарошидааш, нишони сифат гирифтааст, аз он шод буд, ки ҳунараш чун офаридаҳои панҷ бухороии дигар дар намоишгоҳ баҳои баланд гирифт.

Намоишгоҳи ҳунарҳои дастии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз соли 1996 ҳар сол дар Алмаато баргузор мешавад ва он ба гуфтаи баргузоркунандагони намоишгоҳ, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳалли мушкилоти иқтисодии ҳунармандон ва бозорҳои байналмилалӣ роҳ ёфтани офаридаҳои косибони Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG