Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чеҳраи Ҳафта: Ҳизби аграрии Тоҷикистон


Агар ҳукумати Тоҷикистон ба овози мо гӯш надиҳад ва аз манофеъи сокинони деҳот бештар дифоъ накунад, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба як ҳизби мухолифи сиёсӣ табдил хоҳад ёфт. Бо ин иддао Амир Қароқулов, раиси Ҳизби тозатаъсиси аграрии Тоҷикистон мавқеъи созмони сиёсии худро рӯшан кард ва афзуд, «мо талош хоҳем кард, то ҳимояи манфиатҳои ин қишри ҷомеа дар сиёсати ҳукумати кишвар мавқеи авлавиятнок дошта бошад». Ба гуфтаи оқои Қароқулов, феълан ҳукумати Тоҷикистон ба масоили рушди соҳаи кишварзӣ ва расонидани кӯмак ба аҳолии деҳот кам таваҷҷӯҳ мекунад.

Аммо таҳлилгарони масоили сиёсӣ бар ин назаранд, ки тақрибан дар як вақт сабтином шудани ду ҳизби нави сиёсӣ дар Тоҷикистон як амали махсус тарҳрезишудаи ҳукумат ва ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мебошад. Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки чанд ҳизби сиёсӣ ба мисли Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон ва Ҳизби Ваҳдат тӯли чор-панҷ сол долонҳои вазорати адлияро ба умеди сабтиноми ин аҳзоб тарк намекарданд ва ахиран ба ин муваффақ нашуданд, аммо Ҳизби Ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрӣ бидуни ҳеҷ мушкил тайи як моҳ соҳиби шаҳодатномаи қайд шуданд, табиист, чунин андеша ба миён меояд, ки эҳтимол ин аҳзоб шохаҳои тобеъи ҳокимият бошанд. Ва аммо Халифабобо Ҳомидов, вазири адлияи Тоҷикистон, ки то ҳол сабабҳои сабтином нашудани чанд ҳизби сиёсӣ, минҷумла Ҳизби Тараққиётро ташреҳ намедод, ин ҳафта изҳор дошт, ки масъулони ин аҳзоб натавонистанд санадҳои худро ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ созанд, вагарна ҳеҷ мушкили сиёсие дар роҳи сабти номи онон вуҷуд надорад.

Воқеан, Султон Қувват, пешвои Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон, ки чандин сол кӯшиши сабтиноми ин ҳизбро дошт, пас аз он ки муовини ӯ - Рустам Файзиев равонаи зиндон гардид ва ба ҳизби мазкур иҷозаи расмии фаъолият дода нашуд, гӯшанишиниро баргузид ва расман изҳор дошт, ки «аз сиёсат даст кашидааст». Вай гуфт, «то замоне ки худи мардум зиндагӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти худро ҷустуҷӯ накунанд, хулоса бароранд, ки аз кӣ ба эшон манфиати бештаре мерасад, мубориза бурдан аз номи онҳо номумкин аст».

Ва аммо Мирҳусейн Нарзиев, раиси яке аз ҷиноҳҳои Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон низ чунин ақида пеш меорад, ки агар Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ мустақилияти томи сиёсӣ медоштанд, вазорати адлияи Тоҷикистон онҳоро сабтином намекард. Оқои Нарзиев мегӯяд, дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ ба фарқ аз аҳзоби мухолиф, ки дар як эътилоф гирди ҳам омаданд, ҳизби ҳоким дар танҳоӣ қарор дошт ва акнун кӯшиш доранд, ки бо роҳи таъсиси аҳзоби нав дар интихоботи дарпешистодаи президентӣ ба чунин танҳоии сиёсии Ҳизби Халқӣ-Демократӣ роҳ надиҳанд.

Дар ҳамин ҳол Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи мухолифи «Рӯзи нав» мегӯяд, аҳзоби навташкили сиёсӣ ба хотири пуштибонӣ аз номзади Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар интихоботи қарибувуқӯъи раёсати ҷумҳур ширкат нахоҳанд кард: "Тибқи қонун, аҳзобе, ки нав ташкил шудаанд ва ё камтар аз як сол собиқаи фаъолият доранд, ҳаққи пешбарии номзади худ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро надоранд. Аз ин рӯ, аҳзоби навтаъсис, ба эҳтимоли ғолиб, аз номзаде пуштибонӣ хоҳанд кард, ки ҳизби ҳоким пешбарӣ мекунад."

Аммо худи Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ин гуна иддаои аҳзоби мухолифи сиёсӣ ва таҳлилгарони тоҷикро инкор мекунад ва мегӯяд, дар амри таъсиси ҳизби онҳо мақомоти давлатӣ саҳме нагирифтаанд, балки онҳо аз ҳаққи конститутсионии худ истифода бурдаанд, ки таъсиси чунин ташаккулҳои сиёсиро ба куллия ақшори ҷомиа иҷозат додааст.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби ҷавонони пешқадами Тоҷикистон, ки дар садади пешниҳоди асноди ин ҳизб барои сабтиноми расмӣ ба вазорати адлия аст, аз ташкили ду ҳизби ҷадид - Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрӣ истиқбол кард ва гуфт, «сабти ном шудани ин аҳзоб барои мо умед мебахшад, ки Ҳизби ҷавонони пешқадам низ бидуни мушкилот соҳиби иҷозатномаи расмии фаъолият хоҳад шуд».

Акнун дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби расман сабтиномшудаи сиёсӣ фаъоланд. Таҳлилгарон мегӯянд, интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ, ки соли оянда қарор аст баргузор шавад, муайян хоҳад кард, ки то кадом андоза аҳзоби навтаъсиси аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар иттихози мавқеъ ва тасмимгириҳои худ устувор ва мустақил хоҳанд буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG