Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Чин танҳо Шер монд


Вай дар рӯзи шашуми мусобиқот дар рақобатҳо дар вазни то 48 кило бар намояндаи Ҳиндустон Майенгбама Сираноя Сингха аз рӯи холҳо бо натиҷаи 21 бар 15 пирӯз шуд. Шералӣ Достиев дар рақобатҳои нимниҳоӣ бо Жу Ши Мин аз Ҷумҳурии Мардумии Чин зӯрозмоӣ мекунад.

Вале намояндаи дигари Тоҷикистон - Анвар Юнусов пас аз ду ғалаба ноком гашт ва аз идомаи мубориза барои ҷоизаи мусобиқот маҳрум шуд. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 51 кило аз муштзани Ҷумҳурии Корея Ок Сун Ли аз рӯи холҳо бо натиҷаи 9 бар 15 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, аз ҳашт нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон танҳо Шералӣ Достиев барои дарёфти ҷоизаи мусобиқот талош мекунад.

Воқеан, боз як муштзани тоҷик -- Рустамхоҷа Раҳимов, ки дар айни ҳол узви дастаи мунтахаби Олмон аст, дар вазни то 54 кило бар Кван Сик Ҷанга аз Ҷумҳурии Корея аз рӯи холҳо бо натиҷаи 25 бар 19 дастболо шуд ва ба бозии нимниҳоӣ роҳ ёфт. Ҳарифи ӯ дар рақобатҳои нимниҳоӣ Гэри Рассел аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.

Вале муштзани дигари тоҷик -- Рустам Саидов, ки тӯли чанд соли ахир узви дастаи мунтахаби Узбакистон аст, дар севумин дидори худ дар вазни беш аз 91 кило ба Роман Романчук аз Русия бинобар бартарии комили ҳарифаш мағлуб шуд.
XS
SM
MD
LG