Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири тоҷик вазъи ҳуқуқи инсонро қаноатбахш хонд


Халифабобо Ҳомидов, вазири адлияи Тоҷикистон дар як мизи гирд дар шаҳри Душанбе гуфт, Тоҷикистон дар роҳи мувофиқ кунонидани санадҳо ва қонунҳои худ ба қонунҳои байналмилалӣ талош дорад ва тайи чанд соли ахир ин кишвар зери шумори зиёди ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ имзо гузоштааст. Аммо оқои Ҳомидов мегӯяд, сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронкунанда аст ва аз ин рӯ баъзан ҳуқуқи сокинони кишвар аз сӯйи ашхоси мансабдор поймол мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вазири адлияи Тоҷикистон, вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар дар қиёс бо баъзе кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон хеле беҳтар аст ва бо дарназардошти шароити кунунии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи инсонро метавон қаноатбахш арзёбӣ кард. Аммо оқои Ҳомидов изҳори таассуф кард, ки дар соли равон махсусан ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил аз сӯйи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба мушоҳида расидааст. Ӯ гуфт,
«Ман хеле барвақт пиромуни манъи ҷалби толибилмону донишҷӯён ба ҷамъоварии пахта масъалагузорӣ карда будам. Дар ин бора ҳатто худи президент ҳам амр дода буд. Аммо, мутаассифона, дар баъзе вилоятҳо ин кор сурат мегирад, ки ин маънои маҳдуд сохтани ҳуқуқи инсонро дорад. Ба назари ман, ҷалби донишҷӯён ба пахтачинӣ аз лиҳози иқтисодӣ низ ба манфиат нест. Масалан, дар солҳои Шӯравӣ вақте худи мо - донишҷӯёнро бо хароҷоти зиёд ба ҷамъоварии пахта сафарбар мекарданд, ҳаҷми кори донишҷӯён танҳо ҳудуди се фоизи нақшаи солонаро ташкил медод.»
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG