Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи моли тоҷирони бадахшӣ дар Чин


Гурӯҳи тоҷирони бадахшон аз сафари навбатии вилояти Қошғари Чин бо дасти холӣ ба шаҳри Хоруғ баргаштанд. Бори тоҷирон аз ҷониби кормандони идораи гумруки вилояти Қошғар боздошт ва баъдан мусодира карда шуд. Раҳбари палатаи саноат ва тиҷорати Бадахшон Ошӯр Тирандозов гуфт, ки тоҷирон ба наздаш ба шикоят омаданд, аммо ӯ барои баргардони моли тоҷирон иқдоме накард, чаро ки ба гуфтаи Ошӯр Тирандозов хадамоти гумруки кишвари ҳамсоя мувофиқи созишномаи ҳамкории ду вилоят амал намудаанд.
Мувофиқи ин созишнома аз ҳудуди вилояти Қошғар берун бурдани молу мавод, аз қабили орду биринҷ, сигору шароб ва сӯзишворӣ манъ аст. Ва агар тоҷирону соҳибкорон қабл аз сафар ба раёсати палатаи тиҷоратӣ муроҷиат мекарданд, ба ин ҳол гирифтор намешуданд. Ошӯб Тирандозов гуфт, ҳукумати Қошғар содироти ин маводро дар сурате иҷоза медиҳад, ки тоҷирон номаи расмии ҳукумати вилояти Бадахшонро дошта бошанд.
Сардори раёсати тиҷорат ва саноати Бадахшон гуфт, ин ниҳод авоили соли оянда намояндагии худро дар вилояти Қошғар боз мекунад, то дар тавсиаи тиҷорат ва ҳалли мушкилоти тоҷирони тоҷик кӯмак намояд.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ
XS
SM
MD
LG