Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти муштзанҳои тоҷик


Дар рӯзи панҷуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Маняни Чин ҷараён дорад, муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар рақобатҳо дар вазни то 51 кило дар дуввумин дидори худ бар намояндаи Беларус Бато-Мунко Ванкеев аз рӯи холҳо бо натиҷаи 31 бар 14 пирӯз шуд.

Вале ду варзишгари дигари Тоҷикистон ноком гаштанд. Меҳроҷ Умаров дар вазни то 54 кило ба зарбаҳои ҳарифи худ Алӣ Ҳаллаб аз Фаронса тоб оварда натавониста, пеш аз мӯҳлат шикаст хӯрд. Константин Макраусов низ аз ҳарифаш Вашингтон Луис Да Силва аз Бразилия аз рӯи холҳо бо натиҷаи 18 бар 29 мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, Анвар Юнусов ва боз як намояндаи Тоҷикистон - Шералӣ Достиев дар вазни то 48 кило барои дарёфти ҷоизаи мусобиқот талош мекунанд. Ҳамчунин, муштзанҳои тоҷик Рустамхоҷа Раҳимов - узви дастаи мунтахаби Олмон ва Рустам Саидов - узви дастаи мунтахаби Узбакистон дар дуввумин дидори худ муваффақ гаштанд.

Рустамхоҷа Раҳимов дар вазни то 54 кило бар Муборак Султонӣ аз Алҷазоир аз рӯи холҳо бо натиҷаи 26 бар 15 ва Рустам Саидов дар вазни беш аз 91 кило бар Роберт Габриэл Хелениус аз Финландия бинобар даст кашидани ҳарифаш аз идомаи зӯрозмоӣ пирӯз шуданд.

Ва як хабари дигар ин аст, ки варзишгарони Тоҷикистон дар Универсиада ё мусобиқоти донишҷӯёни Осиё дар шаҳри Гуанҷони Чин ду медал ба даст оварданд. Галина Шарифова дар рақобатҳои гурзандозӣ миёни духтарон бо натиҷаи 44 метру 45 сантиметр соҳиби медали нуқра гардид. Сотиболдӣ Ҳаитов дар давидан ба масофаи 10 километр бо натиҷаи 32 дақиқаю 27 сония мақоми севумро касб намуда, медали биринҷӣ ба даст овард.
XS
SM
MD
LG