Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тақвими тақдир" ба Аврупову Амрико меравад


Фестивали синамогароёни Фрибурги Шветсария, озмуни ба номи Роберт де Нирои Ню - Йорки ИМА, фестивали « Виктория» и Канада, Нанти Фаронса ва Берлини Олмон филми синамогарони тоҷикро барои ширкат дар ин озмунҳо даъват кардаанд.

Сафарбек Солиев, роҷеъ ба филми навбатии худ мегӯяд, «Тақвими тақдир», ки ба тозагӣ дар як мавзеъи кӯҳманзари кишвар наворбардорӣ шуд, дар бораи зиндагонии рӯзмарраи мардуми бумӣ баҳс мекунад ва рӯи мушкили то ҳанӯз барои тоҷикон номафҳум - амрози зӯҳравиву сироятӣ бо шумули СПИД баҳс мекунад.

Нуруллоҳи Абдуллоҳ, иҷрокунандаи нақши марказӣ мегӯяд, сужаи аслии филм ин аст, ки мардикори ҷавони тоҷик (дар нақш ҳунарманд, Асламшоҳ Раҳматуллоев) ба деҳа бо марази СПИД бармегардад.

Барои иҷрои нақшҳо беҳтарин ҳунармандони синамои тоҷик даъват шудаанд. Сафарбек Солиев мегӯяд, филми мазбур бар асоси ду суруди маъруфи Акашариф Ҷӯраев- «Ё гул сумане гули суман боғанда» ва « Аз дараи Камаров арӯса овардаме» устухонбандӣ шудааст.

«Тақвими тақдир» саввумин филми ҳунарии ҷаноби Солиев аст. Дар маҷмӯъ Сафарбек Солиев бо шумули се филми ҳунарӣ 20 филми мустанад ба навор гирифтааст, ки беҳтарини онҳо филми «Жакон», «Ангуштари арӯсӣ, «Ҳурмузд» будааст, ки мутаносибан дар фестивалҳои Рими Итолиё, Порис ва Алмаато барандаи ҷоиза шудаанд.
XS
SM
MD
LG