Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суханронии Эмомалӣ Раҳмонов дар Тунис


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар нахустин рӯзи нишасти ҷаҳонӣ доир ба Интернет ва технологияҳои навин дар Тунис аз кишварҳои сарватманди ҷаҳон хост, ба Тоҷикистон барои дастрасии васеъ ба Интернет ва дигар захираҳои иттилоотиву иртиботӣ кӯмак намоянд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Интернет ба як захираи бузурги дастраси иттилоотӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст ва у умедвор аст, ки тасмимгирӣ доир ба идораи он шафоф хоҳад буд.
Бархе аз кишварҳои ҷаҳон мехоҳанд, Интернет таввасути як ниҳоди байналмилалӣ идора шавад, на таввасути Амрико, ки ихтиёроти зиёди идораи Интернетро зери даст дорад.
Эмомалӣ Раҳмонов афзудааст, ки ҳукуматаш дурнамои "Технологияҳои иттилоотиву мухобиротӣ барои рушди Тоҷикистон"- ро омода кардааст, ки бар асоси он ҷиҳати ҷорӣ кардани чунин навъи технология барномаҳое амалӣ мешаванд. Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмонов зикр кардааст, ки кишвараш дар татбиқи барномаҳои мазкур мушкилӣ мекашад, чаро ки захираҳои моливу фаннӣ ва мутахассисини варзида кам дорад.
XS
SM
MD
LG