Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғаффор Мирзоев хостори бознигарии парвандааш шуд


Абдуқайюми Қаюмзод

Ғаффор Мирзоев - собиқ раиси Оҷонси мубориза бо маводди мухаддираи Тоҷикистон куллия иттиҳомоти ворида алайҳи худро баъди анҷоми шиносоӣ бо маводи парвандаи ҷиноӣ рад кардааст, агарчӣ ӯ қаблан бархе иттиҳомоти эъломкарда, ба мисли сӯиистифда аз мақоми хидматӣ ва нигаҳдошти ғайримуҷози аслиҳаро эътироф карда буд.
Қаюм Юсуфов як тан аз вукалои дифои Ғаффор Мирзоев дар тавзеҳи иллати тағйири назари нафари зери ҳимояти худ гуфт, ки вай дар ҷараёни тафтишоти муқаддамотӣ имкони санҷиши ҳама иттиҳомотро надошта вале баъди шиносоии комил бо маводи парвандаи ҷиноӣ ба чунин натиҷа расидааст, ки куллияи айбҳои эъломкарда ба ӯ беасос мебошанд.
Оқои Юсуфов гуфт, Ғаффор Мирзоев ва ҳайати вакилони дифои ӯ бо ирсоли бештар аз чиҳил дархост ба унвони мақомоти бозрасӣ хостори таҳқиқоти такрорӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол Манучеҳр Нуров- сардори идораи тафтишоти ҷаройими сангини Додситонии низомии Тоҷикистон гуфт, гурӯҳи бозрасони қазияи Ғаффор Мирзоев ба тафтиши дархостҳои ӯ ва вакилони дифои ӯ шурӯъ кардааст.
Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддираи Тоҷикистон дар интиҳои тобистони соли гузашта аз сӯи мақомоти амнияти кишвар боздошт шуда ва додситонӣ ба ӯ бо 34 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла талоши исёни ҳарбӣ алайҳи давлат, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти молиёт, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, паҳн кардани варақаҳои зиддидавлатӣ айб эълом кардааст.
Ба таъйиди Қаюм Юсуфов вакили дифои Ғаффор Мирзоев ӯ ва ҳайати вакилони дифоаш тавонистаанд, дар давоми шашмоҳ -- аз нимаи дуввуми моҳи июн то ибтидои ноябри соли ҷорӣ омӯзиши беш аз 1000 саҳифа парвандаи ҷиноиро ба поён бирасонанд.
Абдуқайюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG