Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Адибони тоҷик рӯ ба назми суннатӣ меоранд


«Бирав омӯз, эй дил, ҳар фанеро,
Ба тан аз илм кун пероҳанеро,
Сафо аз хеш бахшо гулшанеро,
«Дило, то кай ҳамеҷӯӣ манеро,
Чи дорӣ дӯст ҳарза душманеро»»

Ин порае аз мухаммаси Сафар Айюбзодаи Маҳзун шоири тоҷик, як тан аз аламбардорони шеъри сафед ё Арӯзи шикаста аст, ки ахиран китоби ашъори суннатии худро мураттаб аз ғазалу мухаммас ба дасти нашр дод. Китоби «Бадеҳаи ашк»-ро бо сифати хеле олӣ, нашриёти «Адиб» рӯзи панҷшанбеи 17 ноябр чоп кард. Устод Маҳзун мегӯяд, ҳамакнун барои нахустин бор маҷмӯъаи мухаммаси худро ба ҳуруфи арабиасосии форсӣ ва сирилик нашр кардааст, ки бархе аз китоб ба кишварҳои ҳамзабон - Афғонистону Ирон низ барои фурӯш ирсол мешавад.
Ва аммо шоире, ки аз шеъри сапеду мудерн ҷонибдорӣ дошт, ва 10 маҷмуъаро ба дасти чоп додааст, ахиран ба шеъри суннатӣ рӯ овард. Чаро? Устод Сафар Айюбзодаи Маҳзун мегӯяд:
«Ман бо ҳамин китоби тозанашри худ мехоҳам собит созам, ки он ақидае, ки ҳамакнун дар давраҳои адабӣ ҳукмрон аст, ки гӯё шеъри суннатии клоссик дигар шириниву дилчаспии худро аз даст додаст, комилан фикри ботил ва бепоя аст. Шеъри клоссикӣ то ҳанӯз ширинтару шевотар аз ҳамагуна шеъри муосир аст»»

Китоби «Бадеҳаи ашк» маҷмӯъаи 11 уми устод Маҳзун буда, дар сабки вижаи асри 15-16 -и адабиёти клоссик, дар пайравии мухаммасгӯёни беҳини назми малакандаршигифти тоҷикии порсӣ иншо гардида, ба таъбири адабиётшиносон, садафгунае бар ҳавошии гавҳари иҷоди Сайидову Соибу Ҷомист.

Рустами Мурод адабиётшиноси тоҷик мегӯяд, рӯ ба мухаммас овардани шоир гунае аз бурди ахирии адабиёти муосир будаву пӯле байни назми шуарои фалаксайри олирутабе ҳамчун Рӯдакиву Ҳофизу Ҷомиву Саъдӣ ва ҳамасрони мост, ки устод Маҳзун кӯшишҳо кардааст, ки бар тағаззули ишон мухаммас бубандад: « мухаммаси Аюбзода бӯе аз мухаммасҳои Сайидо доранд. Ва ба фикри ин ҷониб, аз шуарои муосир кассе мухаммасро ҳамчун Маҳзун нагуфтааст.»

Ба масали «мушки он аст, ки худ бибӯяд, порае аз мухаммаси устод Маҳзун бар ғазали Одамушшуаро Абуабдуллои Рӯдакӣ пешкаши аҳли завқ гардид:

Гирифторӣ ба дарди бе давое,
К-аз он ғам нест уммеди раҳоӣ,
Набошад ишқи хубонро бақое,
«Чаро ҷӯӣ вафо аз бевафое,
Чи кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро»
Туро кӣ гуфт, моил бар хатар шав
Равон аз пушти он ҷодуназар шав,
Биё, вақт аст, з-ин савдо бадар шав,
«Дило, з-ин барзани нороҳ бар шав,
Ки дар оташ нишонӣ барзанеро»
Туро бошад ҷалолеву шукӯҳе,
Чу як вомонда аз киштии Нӯҳе,
Манам дилхаставу афтодарӯҳе,
«Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чи соӣ зери кӯҳе арзанеро»
Биё, Маҳзун, шунав ақли закиро,
Гузор андешаҳои кӯдакиро,
Бидидӣ дар ҷаҳон фархунда киро?
«Биё инак, нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро!»
XS
SM
MD
LG