Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии дастаи наврасони Тоҷикистон


Дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон - 2006 байни бозигарони синнашон то 17-сола дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар аввалин дидори худ бар тими Покистон бо натиҷаи 1 бар ҳеҷ зафар ёфт.

Бозиҳои интихобии гурӯҳи «G» дар пойтахти Ҳиндустон - шаҳри Деҳлӣ сурат гирифтааст. Дар нахустин бозии ин гурӯҳ дастаи мизбон - Ҳиндустон тими Покистонро бо натиҷаи 9 бар 0 шикаст дод. Ғолиби гурӯҳ дар дидори охирин даври мусобиқот байни дастаҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон муайян мешавад.
Ҳамчунин дар ду бозии гурӯҳи «F» дар Непал дастаи Қирғизистон аз тими Узбакистон бо натиҷаи 0 бар 2 ва аз дастаи мизбон бо натиҷаи 1 бар 2 мағлуб гашт. Дар гурӯҳи «Н» тими мунтахаби наврасони Эрон дар нахустин дидори худ бар тими меҳмон - Туркманистон бо натиҷаи 5 бар 0 пирӯз шуд.

Ва як хабари дигар ин аст, ки тими мунтахаби миллии Австралия панҷумин дастаест, ки Конфедератсияи футболи Осиёро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон - 2006 дар Олмон намояндагӣ хоҳад кард.
Австралия аз 1 январи соли 2006 узви комилҳуқуқи AFС хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки қабл аз дастаи Австралия аз қораи Осиё тимҳои миллии Арабистони Саъудӣ, Эрон, Ҷопон ва Ҷумҳурии Корея ба Олмон роҳхат гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG