Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи бобарори муштзанҳои тоҷик


Чаҳорумин рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Маняни Чин ҷараён дорад, барои муштзанҳои тоҷик бобарор хотима ёфт.

Шералӣ Достиев дар рақобатҳо дар вазни то 48 кило бар Му Вон Хон бо натиҷаи 29 бар 13 дастболо шуд. Меҳроҷ Умаров дар вазни то 54 кило варзишгари Сербия ва Черногория Андрий Богдановичро бо бартарии комил мағлуб кард. Константин Макраусов низ дар вазни то 81 кило бар Роберт Крамберг аз Словакия пеш аз мӯҳлат ғолиб омад. Ба ин тартиб пас аз Анвар Юнусов боз се узви дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон - Шералӣ Достиев, Меҳроҷ Умаров ва Константин Макраусов барои ширкат дар даври дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтанд. Ҳамчунин боз ду муштзани тоҷик - Рустамхоҷа Раҳимов ва Рустам Саидов, ки шарафи кишварҳои дигарро ҳимоя мекунанд, муваффақ гаштанд. Рустамхоҷа Раҳимов дар ҳайати дастаи Олмон дар вазни то 54 кило бар Максим Третяк аз Русия бо натиҷаи 29 бар 15 пирӯз шуд. Рустам Саидов, узви дастаи Узбакистон бар Чжабу Куртуча аз Венгрия бо натиҷаи 44 бар 19 ғолиб омад.
XS
SM
MD
LG