Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Раҳмонов бо Месич дар Тунис


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳошияи анҷумани интернетии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Тунис бо раисиҷумҳури Хорватия Степан Месич дидор ва мулоқот кардааст. Хабаргузории Ҳинаи Хорватия менависад, дар ин мулоқот, ки бо ташаббуси оқои Раҳмонов доир шудааст, ду раҳбар имкони роҳандозии равобити иқтисоди байни Тоҷикистон ва Хорватияро баррасӣ кардаанд. Президенти Тоҷикистон аз тоҷирони хорват даъват кардааст дар тавсиъаи равобит бо кишвараш саҳим шаванд. Степан Месич ва Эмомалӣ Раҳмонов тааҳҳуд кардаанд, ки мавзӯъи рушди равобит байни ду кишварро баъдан ё дар Загреб ва ё дар Душанбе ба таври муфассал бо ҳам дар миён андозанд.

Аммо дар рӯзи аввали худи анҷуман, ки ҳудуди 10 000 нафарро аз саросари ҷаҳон барои се рӯз гирди ҳам овардааст, баҳсҳо бештар рӯи масоили уфтода дар роҳи рушди шабакаи ҷаҳонии Интернет ва фанновариҳои муосир буд. Дабири кулли СММ Куфӣ Анон дар ифтитоҳи анҷуман гуфт, як ҳадаф аз ин ҳамоиш мусоидат ба тавсиъаи Интернет аст: "То ҷойе ки ман медонам, талошу кӯшишҳои мо ба хотири ҳимоят ва тависъаи Интернет ва таъмини дастрасии ҳамагон ба ин шабака мебошад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои рушди Интернет ва қобили дастрасии ҷаҳон гардондани он сазовори сипосгузорист."

Кишварҳое назари Эрону Чин ва Бразил мехоҳанд шабакаи Интернет таҳти назорати байналмилалӣ қарор бигирад. Аммо дар арафаи анҷумани Тунис, дипломатҳо тавофуқ карданд, ки масъалаи ҳаққи феълан инҳисории Амрико бар идораи фанниву маъмурии шабакаи ҷаҳонии Интернет баъдан дар як ҳамоиши дигар баррасӣ шавад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG