Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти комиссияи иқтисодии Тоҷикистону Белорус


Рӯзи сешанбе дар шаҳри Минск пойтахти Белорус нишасти комиссияи байнанидавлатии Тоҷикистону Белорус доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни ин нишаст, ду ҷониб масоили тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва афзоиши табодули молро баррасӣ кардаанд, ки дар соли равон миёни ду кишвар ба таври чашмгир коҳиш ёфтааст. Раҳбари дафтари иттилооти вазорати умури хориҷаи Белорус Руслан Есин ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳосили рӯзи аввали нишаст имзои чанд санади ҳамкорӣ будааст: "Дар поёни нишасти рӯзи аввали комиссия панҷ санад, аз ҷумла эъломияи комиссияи байнидавлатии иқтисодӣ ва як идда санадҳои дигар имзо шуданд, ки равобити кишварҳои моро ба низом медароранд. Аз ҷумла дар риштаи гумрук, маориф, кишоварзӣ.
Рӯзи гузашта ҳайъатҳои ду кишвар доир ба он ки чӣ гуна нишондиҳандаҳои иқтисодиро беҳтар намоянд, табодули амиқи назар карданд. Муовини вазири умури хориҷа Александр Михневич омодагии Ҷумҳурии Белорусро ҷиҳати содироти бештари молҳои ширкатҳояш ба Тоҷикистон баён кард. Ҳамзамон вай гуфт, ҷониби Белорус омода аст, аз Тоҷикистон маҳсулоти бештар бихарад, аз ҷумла фаровардаҳои кишоварзӣ.

Аз сӯи дигар Белорус дар озмуни фуруши тролейбусҳо ба Тоҷикистон ширкат мекунад ва мо умедворем дар ин озмун ғолиб омада, ҳудуди 50 тролейбус ба Тоҷикистон бифурушем. Дигар ин ки дар сурати ғолиб омадан дар тендери дигар Белорус метавонад ба Тоҷикистон ҳудуди 20 мошини бузурги боркаш содир кунад.
Аммо тибқи омори расмӣ, агарчӣ дар соли 2004 табодули мол миёни Ҷумҳурии Белорус ва Тоҷикистон 16, 5 миллион долларро ташкил дода бошад, пас дар соли равон ин адад тақрибан 30 дар сад коҳиш ёфтааст.
Руслан Есин гуфт, дар нишасти комиссияи байнидавлатӣ сабаби коҳиши якборагии табодули мол миёни ду кишвар низ баррасӣ шуд: "Албатта ҷонибҳо ин масъаларо низ баррасӣ карданд ва ба ҳамин хотир раҳбарони мо мулоқот мекунанд, то ки сабабҳои коҳишро мушаххас кунанд ва аз ҳар ду ҷониб тадобире биандешанд, ки вазъият хуб шавад. Аммо муҳим он аст, ки дар нишасти таъкид шуд, ки Тоҷикистону Белорус ба дучанду сечанд афзоиш додани нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ манфиатдоранд ва барои ин заминаҳои воқеъӣ вуҷуд доранд. Ва табодули афкор дар нишасти ҳайъатҳо як далел аст ба ин гуфта."
Миёни Тоҷикистону Белорус дар маҷмӯъ сиву ду созишномаи байнидавлатӣ имзо шудааст, ки муҳимтарини онҳо Аҳдномаи дустӣ ва ҳамкорӣ ва созишнома доир ба тиҷорати озод миёни Тоҷикистону Белорус мебошад. Дар зарфи нӯҳ моҳи соли равон Белорус ба Тоҷикистон дар ҳаҷми тақрибан даҳ миллион доллар молу коло, асосан маводи кимиёвӣ, мебел, трактор, мошинҳои боркаш ворид кардааст. Содироти моли Тоҷикистон ба Белорус тақрибан 3 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Нахи пахта, алюмний, маҳсулоти кишоварзӣ ва матоъҳои пахтагин аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Белорус будааст.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG