Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи таҷҳизоти дурпайванд


Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти дурпайванд ё телекоммуникатсионӣ боз шуд. Дар он, ки "Телеком - 2005" ном дорад, 30 ширкат аз даҳҳо кишвар ва чанде аз ширкатҳои худи Тоҷикистон маҳсулоти дурпайвандӣ ва иттилоотиро ба намоиш гузоштанд. Бинандагон имкон доштанд, бо намунаҳои насли нави компютер, мавҷгирҳо, телевизорҳои сохти нав, телефонҳои ҳамроҳ ва видеофонҳо ва васоили ҷадиди ситеми бонкӣ аз наздик ошно шаванд.
Назира Насриддинова, намояндаи ширкати Бритониёии ITE GROUP Pic, ки пуштибони асосии намоишгоҳ аст, мегӯяд, ҳадаф аз ташкили он на танҳо муаррифии дастовардҳои техникии ҷаҳон, балки ҳамчунин ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи мухобиротии Тоҷикистон аст.
Парвиз Турсунзода, масъули дафтари матбуоти ширкати Вабилон-Т гуфт, феълан телефонҳои тасвирӣ ва мавҷгирҳои навро, ки дар шароити кӯҳистон, бе ҳеҷ монеъа аз 12 то 15 шабакаи байналмилалии телевизиониро намоиш медиҳанд, кам ба Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз ин рӯ нархи онҳо баланд аст. Ширкаткунандагони намоиш изҳор доштанд, бояд аз вуруди таҷҳизоти кӯҳна ва бекоршуда пешгирӣ карда, асосан ба навтарин фанновариҳо диққат дод.
XS
SM
MD
LG