Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мудорои миллӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон


16-уми ноябри соли 1995, давлатҳои узв дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар қатъномаи махсус аввал маънии вожаи мудоро ва ё таҳаммулро шарҳ доданд. Шинохт ва арҷгузорӣ ба фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон. Ва дар шарҳи вожаи фарҳанг, онҳо урфу одат, миллият, дину мазҳаб, ҳуқуқу озодиҳои инсонро зикр карданд. Ва гуфтанд, созгорӣ бо ҳамаи ин на вазифаи ахлоқӣ, балки талаби сиёсӣ ва қонунӣ низ мебошад. Ба ин тартиб мудоро бояд дар се сатҳ амал кунад: миёни ду шахс, дар оила ва дар ҷомеаи инсонӣ.
Дар ин даҳ соли гузашта кӯшишҳои СММ ва кишварҳои пешрафта, созмонҳои ғайридавлатӣ ва чеҳраҳои машҳур натиҷаҳои назаррас додаанд. Асли мудоро дар қонунгузории бисёре аз кишварҳои узв мақом ёфт ва ҷаҳон ба гуфтаи Дабири кулли СММ Кофи Анон "ҷойи қадре беҳтар" аз гузашта шуд. Аммо ӯ мегӯяд, созгорӣ набояд ҳамчун гузашт, қарз ва ё илтифот, балки ҳамчун шеваи зиндагӣ ва хислати инсонӣ шарҳ дода шавад.
Дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии мудоро СММ гузорише нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, муносибати саҳлгиронаи милиса ва додситонии Русия бо нажодпарастони ҷавони ин кишвар, ки хориҷиён ва аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро мекушанд, мезананд ва таҳқир мекунанд, айни акси мудороест, ки ҷаҳон орзу мекунад.
Ҳамин гуна дар Ӯзбакистон ҳазорон нафар ба ҷурми мусулмон будан зери шиканҷаанд ва дар бисёре аз кишварҳои мусулмон, онҳое ки ба дини дигар мегараванд, бо бадбинии ҷомеа рӯбарӯянд.
Дар Тоҷикистон, ки ҷанги хунинро паси сар кардаву фарҳанги мудоро пирӯз омадааст, барои таҳкими созгорӣ дар ҷомеа кӯшишҳои чашмрас анҷом мешаванд. Онгуна ки аввали имсол дар Душанбе маркази гуфтугӯи тамаддунҳо боз шуд ва яке аз муассисони он, ноиби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдунабии Сатторзода гуфт, ҳадаф аз ташкили он ҳифзи суботу оромӣ ва ҳусни тафоҳуми намояндагони қавму миллат ва динҳоио мухталиф дар Тоҷикистон аст. Ба ақидаи ҷаноби Сатторзода ҳарчанд ҷанги дохилӣ робитаҳои ҷамъиятиро дар ҳамаи сатҳҳои ҷомеа такон дод, тафоҳум ва созгорӣ бар пояи дастовардҳои сулҳ ва анъанаҳои замони шӯравӣ дубора бино мешаванд.
Созмонҳои миллии русҳо, ӯзбакҳо, гурҷиҳо, корягиҳо, яҳудиён ва арманиҳои Тоҷикистон узви Шӯрои паймони ризоияти миллии кишваранд ва дар умури ҷомеа нақши муайян доранд.
Раиси ҷамъияти арманиҳои Тоҷикистон Телман Восканиён мегӯяд, дар 49 соле ки вай дар Душанбе зиндагӣ мекунад, боре ҳам бо бархӯрди ғайридӯстонаи тоҷикон рӯбарӯ нашудааст.
Аммо ончи метавонад, ташвишангез боқӣ монад ин аст, ки чунин эҳтиром ва пазироӣ дар байни намояндагони маҳалу минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон қавӣ намудор намешавад. Ин ҳолат агар қисман аз давраи ҷанги дохилӣ мерос монда бошад, қисман аз тақсими мансабҳои давлатӣ дар миёни намояндагони гурӯҳ ва сулолаҳои гуногун ва ё шубҳаи ҳақношиносӣ дар идораи мамлакат маншаъ мегирад. Ҳатто матбуоти кишвар чанд муҳокимаи додгоҳӣ ва фишорҳоро ба камбуди таҳаммули рақибони сиёсӣ ва журналистони озодбаён марбут медонад.
Вале ҷомеашиноси тоҷик Марямбонуи Давлат мегӯяд, зоҳиран муносибати тарафҳо дар саҳнаи сиёсӣ хилофи усули мудоро нест, зеро дар бархӯрди онҳо на душманӣ, балки рақобат ба назар мерасад ва ин ду бо ҳам фарқ доранд. Вай мегӯяд, шояд сабаб дар он аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ба андозаи зарурӣ қавӣ нашудаанд, то бархӯрди воқеъии онҳо дар тарозуи мудоро озмуда шавад ва омӯзиши усули мудоро то ба хислат табдил ёфтани он фурсати бештар мехоҳад.
XS
SM
MD
LG