Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони олимпии Тоҷикистон ва ширкати «РусАЛ»


Дар мулоқоти раҳбарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «РусАЛ» -и Русия дар шаҳри Маскав масоили марбут ба рушди ҳаракати варзиши олимпӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар ин бора Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод. Вай афзуд, дар ин мулоқот, минҷумла масъалаи ҳамкориҳо миёни кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «РусАЛ» оид ба омода кардани варзишгарони тоҷик ба понздаҳумин Бозиҳои Осиёии соли 2006 дар Қатар, Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Турин ва Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин баррасӣ гашт. Ба гуфтаи ҷаноби Солеҳов, бар асоси ин ҳамкориҳо мушкилоти варзиш дар Тоҷикистон ҳал гашта, барои ҳарчӣ бештар ширкат карадани варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ шароит фароҳам хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG