Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси нигористонҳо барои насли наврас


Масъулин мегӯянд, барои нахустин бор ҳунармандони наврас дар ин минтақа имкон ёфтаанд, ки аз мактаби мусаввирони касбии Бахтиёр Одинаев - раиси факултаи наққошии Донишгоҳи Хуҷанд ва Ғафурҷон Ҷӯраев - устоди омӯзишгоҳи рассомии Душанбе сабақ бигиранд ва нигораҳои худро ба маърази тамошо гузоранд. Тавассути нигористон мусаввирони ҷавони хатлонӣ имкон доранд, нигораҳои худро ба хориҷ аз кишвар ҳам интиқол диҳанд ва дар фурӯшгоҳҳои мамолики Осиёи Марказӣ барои фурӯш ҳам гузоранд.

Мактаби мусаввирони касбӣ, ки ҳамакнун 40 нафарро фарогир аст, имкони то 60 нафар зиёд кардани теъдоди шогирдонро дорад. Гуландом Набиева- вобастаи фарҳангии бунёди Сорос - сарпарасти ин барнома мегӯяд, дар оянда ин 60 кӯдаки соҳибистеъдод аз ҳаллоҷии кумисиюни вижа гузашта, то ҳадди чашмрас теъдоди шогирдон коста мегардад:

«Мо тасмим гирифтем, дар Тоҷикистон теъдоди муҳассилини «мактаби устоду шогирд»-ро, ки синнашон аз 14 болост, то 60 нафар афзоем ва сипас аз ин байн беҳтаринҳо интихоб мегарданд ва дар соли 2006, дар мактаби тобистона ба онҳо мударрисин аз мамолики ҳамҷавор ва шояд аз Аврупо тадрис диҳанд. Мақсади мо ин аст, ки насли навраси мусаввирони тоҷикро дар дигар кишварҳо ҳам бишиносанд ва онҳо имкон ёбанд ки ба хориҷиён ҳунару маҳорати худро муаррифӣ кунанд ва дар сайтҳои интернетӣ низ мусаввараҳои худро ҷойгир кунанд»

Лоиҳаи мактаби мусаввири ҷавон ва нигористон барои тасвиргарони хурдсол, таҳти унвони «Устоду Шогирд» тӯли ду сол дар кишвар идома меёбад ва масъулин тасмим гирифтаанд, ҳамингуна нигористонҳоро дар ҳамаи 4 мантақаи бузургтари Тоҷикистон- Хуҷанду Бадахшон ва Кӯлобу Қӯрғонтеппа боз кунанд.
XS
SM
MD
LG